Агрофон
Агрофон (аз агро… ва лотинӣ fundus – муҳит) — маҷмӯи хусусиятҳои агрономии хок. Донистани Агрофон имконият медиҳад, ки барои ба даст овардани ҳосили фаровон тадбирҳои агротехникӣ ва мелиоративӣ дуруст ба роҳ монда шаванд. Дар сурати ташкили дурусти киштгардон, истифодаи нуриҳои минералию органикӣ ва риоя кардани технологияи парвариши зироат ба агрофони беҳтарин муваффақ шудан мумкин аст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.