Агрохимия (аз агро… ва химия) химияи агрономӣ — як соҳаи илм. Агрохимия равандҳои химиявии хоку наботот, ғизои минералии рустанӣ, истифодаи нурӣ ва воситаҳои химиявии мелиоратсияи хокро меомӯзад. Агрохимия бо хокшиносӣ, зироат, метеорология, физиология ва биохимияи рустанӣ, микробиологияи кишоварзӣ, физика ва химия робитаи зич дорад. Омӯзиши ғизогирии рустанӣ, таъсири тарафайни нурӣ ва хок, тарзи нуриандозӣ, мелиоратсияи хок (оҳаку гаҷандозӣ) ва тадқиқу истифодаи заҳрҳои химиявӣ фаслҳои агрохимия мебошанд. Агрохимия дар натиҷаи афзоиши талаботи аҳолӣ ба зироат ташаккулу инкишоф ёфт. Китоби аввалин оид ба асосҳои химияи зироат соли 1761 аз ҷониби олими швед И. Валериус навишта шудааст. Омӯзиши назариявӣ ва амалии ғизогирии рустанӣ, баланд бардоштани коэффитсиенти истифодаи нурӣ, дарёфти усулҳое, ки барои моддаҳои ғизоии хокро беҳтар истифода бурдани рустанӣ кумак мерасонанд, истеҳсоли нуриҳои босамар ва ғайра аз ҷумлаи масоили кунунии агрохимия мебошанд. Ҳангоми тадқиқоти агрохимия аз усулҳои химиявӣ ва биологӣ истифода мебаранд. Натиҷаҳои илмии агрохимия барои ҳосилхез гардондани хок ва афзудани ҳосил мусоидат менамоянд. Дар ҷумҳурӣ 4 лабораторияи минтақавии агрохимиявӣ мавҷуд аст. Онҳо дар масъалаҳои оқилона истифода бурдани нуриҳои минералию органикӣ ва тартиб додани картограммаи ҳосилхезии хок ба хоҷагиҳо ёрӣ мерасонанд. Оид ба агрохимия дар Институти тадқиқоти илмии зироат, Институти хокшиносӣ, Кафедраи агрохимияи ДАТ тадқиқот мебаранд.

Сарчашма

вироиш