Адабиёти классикӣ
Адабиёти классикӣ (лотинӣ classicas – мумтоз, аввалиндараҷа) — адабиёти асили гузашта, ки ба он мавзӯву мазмунҳои инсондӯстӣ, ғояҳои нек ва ҳунари баланд хос аст. Намояндагони Адабиёти классикӣ анъанаҳои асили саромадонро давом дода, дар шакл ва мундариҷаи асарашон навовариҳо кардаанд, ки навӣ ва бозёфтҳои эҷодии онҳо боиси ривоҷи минбаъдаи адабиёти асил гардидааст. Эҷодиёти адиби классик на танҳо дар адабиёти миллӣ мавқеъ меёбад, инчунин ба ганҷинаи адабиёти ҷаҳонӣ низ дохил мешавад. Дар замони мо ҳам адибонеро, ки дар пешрафти адабиёти миллии худ саҳми намоён гузошта, ба адабиёти миллатҳои дигар таъсири бобаракат мерасонанд, классик меноманд.Аз ҷумла адибони машҳури собиқ шӯравӣ М. Горкий, В. Маяковский, А. Твардовский, М. Шолохов, М. Авезов, адибони тоҷик С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода ҳамчун классикони адабиёти муосир шинохта шудаанд.
Ибтидои адабиёти класикӣ
вироишАдабиёти классикии форс-тоҷик аз садаи X ибтидо гирифта, то садаи XX давом кардааст. Асосгузори он Рӯдакист. Он ба ду давраи калон тақсим мешавад: давраи якум – адабиёти асрҳои 10 – 15-ро дар бар гирифта, ба замони тараққии ҷамъияти феодалӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон рост меояд. Адабиёти давраи таназзули феодализм (асрҳои 16 – 19) давраи дуюмро ташкил медиҳад. Адабиёти асрҳои 10 – 15 (адабиёти форс-тоҷик), ки мероси муштараки тоҷикон ва форсҳо (эрониён) аст, аз аввалҳои садаи XIX диққати шарқшиносони Ғарбро ба худ ҷалб карда, адабиёти асрҳои баъдина танҳо аз охирҳои садаи XIX мавриди назари мураттибони баъзе аз феҳрастҳо қарор гирифт. Сабаби асосии рӯй додани ин ҳолат, аз як тараф, барои муҳаққиқони хориҷӣ дастрас набудани мероси адабии давраи охир бошад, аз тарафи дигар, дар тасаввуроти беасоси онҳо нисбат ба адабиёти форсизабони ин асрҳост. Ба ақидаи онҳо Адабиёти классикии форс-тоҷик бо Абдурраҳмони Ҷомӣ поён ёфта, гӯё адабиёти баъдина фақат аз тақлид ва такрори мероси адабии гузаштагон иборат мебошад. Тадқиқоти шарқшиносони шӯравӣ, махсусан адабиётшиносони тоҷик на танҳо нодурустии назарияи онҳоро дар бораи адабиёти ин асрҳо ошкор намуд, балки ба исбот расонд, ки адабиёти асрҳои 16 – 19-и тоҷик давоми мантиқии адабиёти асрҳои 10 – 15 ва дорои ҷиҳатҳои хос мебошад. Дар Адабиёти классикӣ муҳимтарин лаҳзаҳои таърихи халқамон: бунёди нахустин давлати марказии тоҷикон – давлати Сомониён дар садаи X, ба давлатҳои хурду калон ҷудо шудани Осиёи Миёна (асрҳои 11 – 12), муборизаи озодихоҳонаи мардуми тоҷик бар зидди истилогарони муғул (садаҳои 13 – 14), авҷи нави ҳаёти иҷтимоӣ ва маданӣ дар садаи XV, давраи таназзули феодалӣ, ба миён омадани унсурҳои муносибати сармоядорӣ ва ғояҳои маорифпарварӣ дар ин сарзамин акс гардида, дар беҳтарин намунаҳои он симои дурахшони аҷдоди бузург ва номвари халқ, ки дар роҳи мудофиа ва беҳбудии мамлакат ҷонбозиҳо кардаанд, тасвир ёфтааст. Адабиёти классикӣ ҳамчун зуҳуроти тафаккури бадеии халқи заҳматкаш дар роҳи донистани орзуву омоли наҷибонаи мардум сарчашмаи бебаҳост. Тарғиби илму дониш, васфи ақлу хирад, ахлоқи ҳамида, ишқи пок, ватанпарварӣ, ғояи шоҳи одилу маърифатдӯст, таваҷҷуҳ ба мардумони меҳнатӣ – ҳунармандону деҳқонон, озодфикрӣ ва маорифпарварӣ аз мавзӯъ, мазмун ва ғояҳои асосии Адабиёти классикии форс-тоҷик ба шумор меравад. Адабиёти классикии форс-тоҷик аз ҷумлаи сарватмандтарин адабиёти ҷаҳон буда, осори бузургтарин намояндагони он Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Носири Хусрав, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ ва дигарон шуҳрати ҷаҳонӣ доранд. Эҷодиёти онҳо мавриди таваҷҷуҳ ва истифодаи адибони забардасте мисли Лафонтен, Гёте, Ҳейне, Гегел, Чернишевский, Пушкин, Фет, Есенин қарор гирифта бошад ҳам, танҳо дар давраҳои баъдӣ ба таври пурра дастраси хонандагон гардид. Адабиёти классикӣ яке аз сарчашмаҳои асосии рушди ҷомеаи муосир мебошад. Шоиру нависандагони муосири тоҷик аз асарҳои саромадони адабиёти форсии тоҷикӣ ва миллатҳои дигари дунё, ки аз қуллаҳои баландтарини адабиёти ҷаҳонӣ мебошанд, дарси маҳорати адабӣ мегиранд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.