Адабиёти кӯдак, адабиёти атфол, адабиёти бачагонасарҳои бадеӣ, илмии бадеӣ, илмии оммавӣ, илмии тахайюлӣ (фантастикӣ) ва моҷароӣ, ки махсус барои бачагон навишта шудаанд.

Мафҳум

вироиш

Одатан зери ин мафҳум асарҳои сершумори халқӣ, осори пандомези классикони адабиёти форс-тоҷик, инчунин намунаҳои адабиёти ҷаҳонӣ «Робинзон Крузо»-и Д. Дефо, «Саргузашти Гулливер»-и Ҷ. Свифт, «Саргузашти Чипполино»-и Ҷ. Родари, «Саргузашти Мюнҳаузен»-и Р. Э. Распе, Л. Кэролл «Алиса дар ҷазираи мӯъҷизаҳо», М. Твен «Саргузашти Том Сойер», романҳои Жул Верн ва ғайраро низ асарҳо барои кӯдакон номидан мумкин аст. Таърифу тавсифи адабиёти бачагон дар осори мунаққиди машҳури рус В. Г. Белинский омадааст. Ба ақидаи вай адабиёти бачагон барои тарбия навишта мешавад, тарбия бошад фаъолияту кори бузургест, вай тақдири инсонро ҳал мекунад. Тарбият одамро намеофарад, вале кумак мекунад, ки тағйир ёбад, нек ё бад шавад. Инчунин В. Г. Белинский андешаашро оид ба нависандае, ки барои кӯдакон менависад, иброз доштааст. Ин гуна нависанда бояд истеъдод, афкору андешаи баланд, парвози шоиронаи тахайюлот ва ғайра дошта бошад. Асарҳои адабиёти бачагон дар тарбияи маънавию ахлоқӣ ва зебоипарастӣ, дар рушди тафаккури бадеию илмӣ ва парвози хаёлоти бачагон мақоми барҷаста доранд. Фарқи адабиёти бачагон аз адабиёти калонсолон на дар мавзӯъ, балки дар тарзу сабку навишти он аст. Барои бачагон асар бояд тарзе нигошта шавад, ки ба дараҷаи дарку фаҳмиш, табъу завқу салиқа, авзои рӯҳию равонӣ ва синну соли онҳо мувофиқ бошад. Адабиёти бачагон саршор аз ҷӯшу хурӯши зиндагӣ, шавқу шодӣ, ҳаракату амалиёт буда, бо забони равону сода, оҳанги муассири шоирона ва пур аз самимияту дилгармӣ навишта мешавад, то ки бачагон ҳангоми мутолиа ба шавқ омада, дилашон ба зиндагӣ гармтар гардад. Нависандаи атфол бояд зода, халқ шавад, на сохта. Адабиёти бачагон дар тарбияи инсонсозии насли наврас нақши комил дорад адабиёти бачагон ҳам мисли тамоми адабиёти калонсолон муҳимтарин масъалаҳои давр — ҷангу сулҳ, мубориза барои тантанаи адлу инсофу ростӣ, озодию истиқлоли миллӣ ва адолати иҷтимоӣ дар рӯи замин, ҷоннисорӣ дар роҳи саодати халқу ватани азиз, далерию мардонагӣ, муҳаббат ба арзишҳову муқаддасоти миллию аҷдодӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои бузурги гузаштагон, ба одобу ахлоқи ҳамида, одамият, таълиму тарбия, ҳусни инсон ва ғайраро дар рӯҳи башардӯстии олӣ таҳлилу баррасӣ ва тадқиқ менамояд.

Адабиёти кӯдакони форс-тоҷик

вироиш

Адабиёти кӯдакони форс-тоҷик ба мисли адабиёти он таърихи беш аз сеҳазорсола дорад. Авесто китоби динӣ буд, вале дар қадим баъзе бахшҳои он ба кӯдакон омӯзонда мешуд. Баъзе андарзномаҳои адабиёти паҳлавӣ (форсии миёна), масалан, «Андарзи кӯдакон», «Хусрави Қубодон ва ридаки ӯ» барои тарбияи кӯдакон навишта шудаанд. Қаҳрамони достони «Ёдгори Зарирон» Баставри наврас мебошад, ки пас аз кушта шудани падар ба муқобили душманон мубориза мебарад ва қаҳрамониҳо нишон медиҳад.

Эҷодиёти шифоҳии халқ низ беҳтарин намунаҳои адабиёти бачагонро дар бар мегирад, ки ҳиссае аз онҳо дар маҷмӯаҳои «Афсонаҳои халқи тоҷик», «Латифаҳои тоҷикӣ», «Зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ», «Чистонҳо», «Фолклори тоҷик», «Намунаҳои фолклори Дарвоз», «Намунаҳои фолклори диёри Рӯдакӣ», «Фолклори сокинони саргаҳи Зарафшон», «Фолклори Норак», «Таронаҳои Самарқанд», «Сумане аз ҳар чамане», инчунин китобчаҳои махсуси атфол («Эраҷи тилисмшикан», «Алоуддин ва чароғи сеҳрнок», «Алибобо ва чил роҳзан», «Бузаки ҷингилапо», «Лаку Пак», «Дарвоза нигин дорад», «Баҳори лолазор омад», «Як лаъли марҷон», «Лелак лелаки Боқӣ», «Алла, ҷонам аллаё», «Хурӯси хушсадои ман», «Олуча гули бодом» ва ғайра) ба табъ расида, дар инкишофу ғанӣ гардонидани адабиёти бачагони тоҷикӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

Як қисми осори классикони адабиёти форс-тоҷик, ки ба масъалаҳои тарбияи ахлоқи ҳамида бахшида шудаанд, дар шакли насиҳатнома таълиф ёфтаанд. Унсурулмаолии Кайковус дар «Қобуснома» («Насиҳатнома»)-аш, ки яке аз асарҳои пурарзиши насри дидактикист, зимни насиҳати фарзанди худ бисёр масъалаҳои вобаста ба одобу ахлоқ, илму дониш, одоби муошират, муносибатҳои оилавӣ ва ғайраро ба миён гузоштааст. Чунин насиҳатномаҳои падар ба фарзанд дар адабиёти классикии мо зиёданд («Насиҳат ба фарзанди худ Муҳаммад»-и Низомии Ганҷавӣ, «Панд ба фарзанди арҷманд»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, «Дар насиҳати фарзанди арҷманд»-и Шамсиддин Шоҳин ва ғайра), инчунин «Панднома»-и Фаридуддини Аттор, «Калила ва Димна»-и Абулмаолии Насруллоҳ, «Бӯстон» ва «Гулистон»-и Саъдӣ, «Муш ва Гурба»-и Убайди Зоконӣ, «Баҳористон»-и Ҷомӣ, «Анвори Суҳайлӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Баҳориёт»-и Сайидо ва ғайра гарчанде дар асл барои бачагон навишта нашудаанд, вале ба сабаби мазмуну мундариҷа, сужети ҷолиб ба бачагон низ писанд меомаданд.

Адабиёти кӯдакони шӯравии тоҷик

вироиш

Устод Айнӣ чун асосгузори адабиёти бачагони шӯравии тоҷик дар навиштану тартиб додани китобҳои дарсӣ ва офаридани асарҳои бадеӣ барои бачагон хидмати арзандае кардааст. Ӯ дастовардҳои ғании адабиёти хаттию шифоҳии халқи тоҷик ва таҷрибаи ғании адабиёти русу халқҳои собиқ шӯравӣ ва ҷаҳониро ба ҳам омезиш дода, «Хонадони хушбахт», «Таҳзиб-ус-сибён» (1910), «Қизбола ё ки Холида» (1924), «Аҳмади девбанд» (1928), «Мактаби куҳна» (1934), «Ятим» (1939) барин асарҳо навишта, бачагонро дар рӯҳи нотарсию далерӣ, ҷавонмардӣ, садоқат ба халқу ватан, илму ҳунаромӯзӣ, накӯкорӣ ва ғайра тарбия кардааст. Устод Лоҳутӣ низ дар ташаккулу инкишофи назми бачагон хидмати арзандае дорад ва аксар шеърҳояш сурудҳои атфоли тоҷикӣ шудаанд. Пайрав, А. Ҳамдӣ, М. Раҳимӣ, А. Деҳотӣ, Ҷ. Суҳайлӣ, Б. Азизӣ, М. Аминзода, Н. Шерзода, Ҳ. Карим, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Р. Ҷалил, Б. Раҳимзода, Ф. Ниёзӣ, П. Толис, А. Шукӯҳӣ, М. Фарҳат, Ф. Ансорӣ, Б. Ҳоҷӣ, У. Раҷаб, А. Сидқӣ, А. Баҳорӣ, А. Шарифӣ, Б. Ортиқов, Озод Аминзода, М. Ҳакимова, Нӯъмон Розиқ ва дигарон ба воситаи осори худ ва тарҷумаи беҳтарин асарҳои кӯдакони русу халқҳои собиқ шӯравӣ ва ҷаҳонӣ дар рушду камол ва инкишофи адабиёти бачагони тоҷик саҳми бориз гузоштаанд. Шеъру суруд, тарона ва достонҳои сершумори М. Миршакар («Мо аз Помир омадем», «Неъмат», «Федка», «Бачагони Ҳиндустон» ва ғайра) аз дӯстдоштатарин асарҳои бачагони мо буда, дар ташаккулу инкишофи адабиёти бачагони тоҷик таъсири зиёд расондаанд. Охири солҳои 50 ва аввали солҳои 60 садаи XX чун дар тамоми адабиёти калонсолони шӯравии собиқ ва адабиёти тоҷикӣ гардиш ё давраи тоза дар адабиёти кӯдак маҳсуб мешавад. Ин солҳо давраи мубориза дар роҳи даст кашидан аз умумигӯии безоркунанда, осори берӯҳу забонзаду такрори маҳз ва рӯ овардан ба мушаххасгӯиву муассирнависӣ, ба сӯи хаёлангезӣ, латофату назокат ва равонию поккорӣ дар забону тарзи баён аст. Бори нахуст дар таърих шеъри кӯдакони тоҷик ба шеъри шифоҳии кӯдакон дар ҳамоғӯшии танготанг қарор дошт ва шеъри шоирони тоҷик ба шеъри шифоҳии кӯдакон сахт даромехту омезиш ёфт. Беҳтарин шеърҳои барои атфол навиштаи М. Миршакар, Ғ. Мирзо, А. Шукӯҳӣ, У. Раҷаб, Гулчеҳра, Н. Бақозода, Н. Розиқ, Ҷ. Ҳошимӣ ва дигарон ҳамон шеърҳоеанд, ки дар тарзи сухани шифоҳии кӯдакони тоҷик, дар оҳангу зарб, вазн қофия, забони нобу поку содаву равони он офарида шудаанд. Солҳои озодӣ ва истиқлол Гулназар, Н. Қосим, С. Маъмур, Р. Назрӣ, К. Насрулло низ дар ҳамин сабку услуб, вале бо роҳи хоси хеш шеър иншо карданд. Ин шоирон на танҳо андарзу ҳикмат, афсонаю ҳикоёти халқиро ба назм даровардаю такмил дода, ба рӯҳи замон ва талаботи хонандаи имрӯз мувофиқ мекарданд, балки асарҳои худро низ бо ҳамон сабки нигориши хос, зарбу оҳанги шӯхи таъсирбахш ва ҳаяҷонангезии асарҳои халқӣ навиштаанд. Маҳз ба воситаи навиштаҳои онҳо жанрҳои гуногуни асарҳои бачагона — шеъру тарона, достону афсона, суруду марш, чистону кистону тезгӯяк, достон, повесту ҳикояҳои реалистӣ ва ғайра хеле равнақ ёфт. Китоби шеъру достонҳои Ғ. Мирзо («Санговдавак», «Баррача рӯяд аз замин», «Чилдухтарон», «Гунҷишкак», «Достак», «Шайтони бекалӯшу маҳсӣ», «Афсонаи сесона, се мурғи дари хона», «Гулҳои даста баста», «Аз гаҳвора то майдон», «Як қатра офтоб», «Як даста гул»…), А. Шукӯҳӣ («Баррачаи гурезпо», «Ил-18 омад», «Об аз куҷо меояд», «Асад ва Самад»), Б. Ҳоҷӣ («Бузи айнакдор», «Шукуфаҳои чаман», «Гурбаи посбон», «Садарайҳон» ва ғайра), У. Раҷаб («Орзуҳои ширин», «Қиссаи модаркалон», «Ҳамсуҳбати ширинзабон», «Нинӣ чӣ ном дорад?», «Саду як барг», «Рӯи замин», «Хӯшаи гандум», «Ману ҷӯраҳои ман», «Як дона марворид», «Себаки ғелон», «Яккабурс», «Тиру камон дар рӯйи бом», «Куҷо шуд пинҳон тафси тобис­тон», «Як лаъли марҷон»), Гулчеҳра «Имрӯз ид», «Ду бех олу», «Наргис», «Аспак», «Чил кокули бозигар», «Шаддаи марҷон», «Илҳом», «Рангинкамон», «Себи хубон», «Ниҳол», «Айёми гули лола», «Таронаҳои офтобӣ», «Сичароғ», «Куртаи чакан», «Лолаҳои дасти ман»), Н. Розиқ, («Телефони гунҷишк», «Гулмоҳӣ», «Бузғолача», «Лона», «Чароғҳои гуногун», «Гулистон»), Н. Бақозода («Гулдара», «Ҳандалак», «Сурнайчӣ», «Оши ҳалол», «Чӣ хуш аст?», «Иди алифбо омад», «Дунё ба умеди ман», «Сайри боғи даҳ адад», «Алифбои дилкушо»), Гулназар («Аз барои Гулъизор», «Се кулчаи тандурӣ», «Девори сабз», «Гунҷишки наққош»), О. Аминзода («Чаро гӯши вай дароз», «Ман ҳам шудам мактабхон», «Қиссаи хартуми фил», «Афсонаҳои оча», «Ман хонда метавонам»), А. Бобоҷон («Бачаҳои хуб», «Мусича», «Парвози орзу», «Некӣ ба некӣ», «Осмондара», «Зардолуи маҳтобӣ», «Атри кӯҳистон», «Пайғоми парасту» ва ғайра), М. Ҳакимова («Мошин дар мошин», «Дастони моҳир», «Баҳори шукуфон», «Шаршара», «Маро нағз мебинед?»), Ҷ. Ҳошимӣ («Соябони садранга», «Офтобак», «Хати амонӣ», «Парасту», «Ман алифбо мехонам» (бо ҳамқаламии А. Баҳорӣ), «Нинӣ ба по шуд», «Аз як-як то лак-лак», «Кулча чаро ширин аст?» «Ре мегӯям ман бурро!» «Бачаҳову кӯчаҳо», «Чаро шамолак вазид? (Чигилакҳо»), С. Маъмур («Навоҳои гулдара», «Ашӯраҷон ҷони мо»), М. Ғойиб («Тути дара», «Пойгоҳ»), Ю. Аҳмадзода («Тӯҳфаҳо», «Мурғобӣ, чӣ мекобӣ?», «Хурсандӣ», «Ҳулбӯ», «Садсола шаве, дурроҷ», «Чидамағз барои кӯдакони нағз», «Панҷоҳ барг», «Парвин», «Мӯрчае дона ёфт»), Латофати Кенҷа («Лолаарӯсак», «Таронаҳо», «Марҷони ранга», «Сандуқчаи марворид», «Афсонаи Тиллонур», «Мусича ва Дурдона», «Гурбаи Сомон ва чӯҷаи Ораш», «Қофиябозӣ», «Нома ба бародар», «Наҷотбахши дунё кист?» ва ғайра), А. Раҳмон («Чорбоғ», «Гулбоғи саодат»), Ҳ. Усмон («Бозори Ҳисор»), Ш. Маҳмадёр («Обшори Зидеҳ»), М. Собир («Субҳи Варзоб»), Э. Нарзуллоҳ («Асо чӣ сеҳр дорад?»), А. Абунаср, Қ. Муҳаммадӣ, С. Садриддин, А. Азиз, Маҳбуба, Фаридун ва дигарон асосан барои бачагони синну соли томактабӣ ва хурди мактабӣ навишта шуданд. Иншои ин навъ шеърҳо мушкил буда, аз шоир заҳмати зиёд ва истеъдоди баланд металабад ва маҳз ҳамин шоирон ин қисмати шеърро равнақу инкишоф доданд. Дар инкишофи адабиёти бачагони садаи бистуми тоҷик саҳми М. Миршакар, Ғ. Мирзо, У. Раҷаб, Гулчеҳра, Н. Бақозода, Ҷ. Ҳошимӣ, Гулназар хеле чашмрас аст.

Дар адабиёти бачагон баробариинкишофишеъру достон ва ҳикояю афсона ба воситаи асарҳои М. Миршакар («Айёми шубоби Бирбал ва Акбар», «Дурдонаҳои Амрита»), А. Баҳорӣ («Ҷасорати доктор Мансур», «Мулоқот», «Занбӯри айнакдор», «Аҷоиботи Нодар», «Бозгашт», «Сумбула» ва ғайра), А. Истад («Мавҷи хаёлот», «Суруди офтоб», «Замир», «Дарахти пахта», «Баъд аз ҳазор сол» ва ғайра) қиссаю ҳикояҳои тахайюлӣ равнақ ёфтанд. Ба воситаи асарҳои А. Шукӯҳӣ («Об аз куҷо меояд?», «Асад ва Самад»), Б. Ортиқов («Таътил», «Полвон», «Бачаҳои Лолазор», «Қиссаи мӯмиё», «Дурдонаҳои Зарафшон» ва ғайра), А. Самад («Баъди сари падар», «Аспи бобом»), К. Мирзо («Дар ҷустуҷӯи падар»), Н. Раҷаб («Рӯзномае, ки бояд навишта мешуд», «Ҷонам фидои яхмос», «Фара, Фира Зара», «Хонае, ки сӯяш мешитобам», «Ишқи духтари яҳудӣ»), Д. Раҷабӣ («Нони ҷуворӣ», «Шабе, ки борон меборид», «Модари нав»), Ҳ. Имодӣ («Ҷасорат»), Ғ. Ҷӯразода («Рахсеб»), С. Зарафшонфар («Ду овора», «Шоҳасп»), М. Субҳон («Қиссаи лаклаки сафед») ва дигарон повести реалистӣ такмил ёфта, ба жанри дӯстдоштаи бачагон мубаддал шуд.

Асарҳои драматургӣ барои кӯдакон

вироиш

Соҳаи дигари адабиёти бачагон таълифи асарҳои драматургӣ барои бачагон мебошад («Тошбек ва Гулқурбон», «Дур аз сарҳад»-и М. Миршакар, «Ғори аҷинаҳо»-и Гулрухсор, нахустин операҳо барои кӯдакон бо унвонҳои «Хонаи Заргӯшбибӣ», «Ҷингилапо»-и Н. Бақозода) ва ғайра Суруднависӣ барои бачагон хеле равнақ гирифт. Солҳои охир хидмати Ҷ. Ҳошимӣ дар инкишофи шеъри кӯдак чашмрас буда, «Чигилак»-ҳои ӯ дар адабиёти кӯдакони мо сухани нав аст. Нақшу нуфузи тарҷумаи асарҳо барои кӯдакону наврасон аз адабиёти русу адабиёти халқҳои шӯравии собиқ ва олам дар такмил ва инкишофу равнақи адабиёти бачагони тоҷик басо бузург аст. Хусусан асарҳои барои кӯдакон иншонамудаи А. Пушкин, М. Лермонтов, А. Толстой, М. Горкий, В. Маяковский, Н. Островский, К. Чуковский, С. Михалков, С. Маршак, В. Катаев, Н. Носов, А. Барто, А. Алексин ва дигар адибони ҷаҳон ганҷинаи адабиёти бачагони тоҷикро ғанитару пурсарваттар гардонда, дар қувват гирифтани ҷанбаи ҳаётию реалистӣ ва ташаккули сабки хоси ин адабиёт нақши бузург гузоштаанд. Дар айни замон, беҳтарин намунаҳои осори адибони тоҷик ба забони русӣ ва забони халқҳои олам тарҷума ва нашр шуда, ба хазинаи маънавии халқҳои ҷаҳон ворид гардиданд.

Яке аз комёбиҳои бузурги адабиёти бачагони Тоҷикистон ба Дипломи ифтихории байналхалқии ба номи Ҳ. Андерсен соҳиб гаштани шоири бачагони тоҷик Убайд Раҷаб мебошад. Барои бачагон маҷалаҳои «Чашма», «Гул-гул» ва ғайра чоп мешаванд. Барои қонеъ гардондани завқи зебоипарастии кӯдакон ва наврасон телевизиони «Баҳористон» низ ташкил карда шуд (4. 9. 2006).

Адабиёт

вироиш
  • Мақолаҳо оид ба адабиёти бачагона, Д., 1967;
  • Саидова М., Садриддин Айнӣ — нависандаи бачагон, Д., 1973;
  • Шермуҳаммадов Б., Назми халқии бачагонаи тоҷик, Д., 1973,
  • БобокалоноваҶ., М. Миршакар — шоири бачагон, Д., 1972; ҳамон муалл., *Материалҳо оид ба адабиёти бачагонаи тоҷик, Д., 1975;
  • Тазкираи адабиёти бачагон, ҷ-ҳои 1 — 5, Д., 1979—1984;
  • Амонов Р., адабиёти бачагона. Таърихи адабиёти советии тоҷик, ҷ. 6, кит. 1, Д., 1982;
  • Ҳошим Р., Осори Айнӣ барои бачагон. Навҷӯ ва навовар, дар кит. Сухан аз устодон ва дӯстон, Д., 1983;
  • Саидов С., Эҷодиёти Абулқосим Лоҳутӣ барои бачагон ва наврасон, Д., 1986;
  • Адабиёти советӣ барои кӯдакон, ҷилдҳои 1 — 2, Д., 1988—1989;
  • Файзуллоева М., Достон афсона дар назми бачагонаи тоҷик, 1993;
  • Файзуллоев Н., Чашмаи Файёз, Х., 1999; ҳамон муалл., Назми кӯдакон, Х., 2010;
  • Шеъри атфол дар қарни бист, Х., 2005;
  • Ҳамосаи кӯдакон, Х., 2006;
  • Фольклор и детская поэзия, Х., 2007;
  • Ҳодӣ Муҳаммадӣ, Зуҳра Қойинӣ, Таърихи адабиёти кӯдакони Эрон (иборат аз панҷҷилд), Т., 1380—1381.

Сарчашма

вироиш