Адабиёти таълимӣ — маводе, ки ҳамчун манбаъ дар донишандӯзӣ, ҳосил намудани маҳорату малака, худомӯзӣ ва рушди мутаносиби ҷаҳонбинии хонандагон истифода мешавад. Адабиёти таълимӣ мутобиқи зарурат ва дараҷаи истифода ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: 1) адабиёти таълимии чопӣ: китобҳои дарсӣ, хрестоматияҳо, маълумотномаҳо, луғату донишномаҳо, фарҳангҳо, харитаю глобус, мусаввараҳо, адабиёти илмию оммавӣ, ёддоштҳо; 2) чизҳо ва ашёи табиӣ, маводи истеҳсолӣ. Адабиёти таълимӣ дар шакли аёнӣ ва воситаҳои техникию электрикӣ пешниҳод мегардад. Адабиёти таълимии аёнӣ маводи ёрирасони таълимию тарбиявист, ки дар шакли тасвир ё варақаҳои алоҳида ба табъ мерасанд ва се хел мешаванд: 1) тасвирӣ (харитаҳо, нақшаю ҷадвалҳо, нусхаи асарҳои рассомон, аксҳо); 2) аслӣ (натуралӣ) ё маводи табиӣ; 3) воситаҳои таълимие, ки омӯзгорону хонандагон аз маводи партов месозанд. Воситаҳои техникию электрикии таълим (ВТБТ) ҳамаи он воситаҳое мебошанд, ки омӯзгорону хонандагон дар ҷараёни таълим ва машғулиятҳои берун аз синфу берун аз мактаб истифода мебаранд. Ба ВТБТ инҳо дохил мешаванд:

– диапроекторҳо ва кадропроекторҳо;

– дастгоҳҳои овозӣ (магнитофонҳо, диктофонҳо, қартамонакҳои электромеханикӣ);

– кинофилмҳо, видеофилмҳо, компютерҳо, дискҳо, диапозитивҳо…;

– кабинетҳои лингофонӣ, интернет.

Сарчашма

вироиш