Адабиёти ҷадидия
Адабиёти ҷадидия — осори адабие, ки аз ҷониби намояндагони ҳаракати ҷадидияи Осиёи Марказӣ дар ибтидои садаи XX пайдо шудаанд.
Пайдоиши истилоҳи ҷадидия
вироишИстилоҳи «ҷадид» ба маънои навпараст дар Тотористон охири садаи XIX зуҳур карда, дар Бухоро ва Туркистон дар давраи Инқилоби якум дар Россия (1905 – 1907) ба расмият даромад. Пайравони ин ҷараён ислоҳоти раванди таълимро дар мактабу мадраса тарғиб ва дигаргуниҳоро дар сохти давлатдории аморати Бухоро талаб мекарданд. Онҳо масъалаи кушодани мактаби нав («усули ҷадид»)-ро ба миён гузоштанд. Назарияи навхоҳию навоварӣ ба адабиёти бадеӣ низ гузашт. С. Айнӣ ибтидои Адабиёти ҷадидияи тоҷикро аз соли 1905 донистааст. Пайдоиши Адабиёти ҷадидия ба Инқилоби якум дар Россия (1905 – 1907) ва таъсири он ба бедоршавии шуури халқҳои Осиё алоқаманд аст. Паҳн шудани рӯзномаву маҷаллаҳо бо забони форсиву туркӣ аз дигар кишварҳо, «Тарҷумон»-и Исмоилбеки Ғаспаронӣ (Гаспаринский) аз Боғчасаройи Қрим, «Вақт» ва «Шӯро» аз Қазону Оренбург, «Сироҷ-ул-ахбор» аз Афғонистон, маҷ. «Мулло Насриддин» аз Озарбойҷон ва осори маорифпарварони халқҳои дигар Осиёи Марказӣ ва тарҷумаҳо аз адабиёти русу Ғарб низ ба пайдоиши Адабиёти ҷадидия таъсир расонданд. Нахустин осори Адабиёти ҷадидия навиштаҳои Абдурауфи Фитрат «Мунозираи мударриси бухороӣ бо як нафар фарангӣ дар Ҳиндустон дар хусуси макотиби ҷадида» (1910), «Мунозира» ва «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ», «Раҳбари наҷот», «Оила ё худ Вазоифи хонадорӣ» мебошанд. Асарҳои С. Айнӣ «Таҳзиб-ус-сибён» (Самарқанд, 1909, 1910, 1917), Сиддиқии Аҷзӣ «Анҷумани арвоҳ», «Миръоти ибрат», «Ганҷинаи ҳикмат», «Айн-ул-адаб», Мирзо Сироҷи Ҳаким «Туҳафи аҳли Бухоро» ва дигарон ба Адабиёти ҷадидия тааллуқ доранд. Шеърҳои ҷудогонаи Адабиёти ҷадидияи тоҷик дар газетаҳои «Бухорои Шариф», «Наҷот» (1925), маҷал. «Оина», «Самарқанд» ва маҷмӯа. Шеърҳои дузабонаи «Янги адабиёт» («Адабиёти нав»; Самарқанд, 1915) нашр шудаанд. Осор ва ашъори Адабиёти ҷадидия рӯҳи озодихоҳӣ, илму маърифат, бедории мардум ва ислоҳи ҷомеаро васф, ақибмондагию ҷаҳолатро танқид мекард. Асари Исмоилбеки Ғаспаронӣ роҳбари ҷараёни ҷадидияи мусулмонони Россия «Мусулмонони Дорурроҳат» аз ҷониби Фитрат тарҷума карда шуд. Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Мунзим, С. Айнӣ, А. Ҳамдӣ, Аҷзӣ, М. Мансуров, Асирӣ, Қозӣ Бобоҷон, А. Фарҳодӣ, Иброҳим, Абдулқодир Шакурӣ, Ҳоҷӣ Муин, М. Ҳоҷиқул, М. Шоҳмаҳмадзода, Иброҳим Сайид, Камолзода, М. Ҳошимов, Ҳомидҷон Меҳрӣ, Ҳоҷӣ Рофеъ, Мукаммал-махдум, Бурҳонзода ва дигарон машҳуртарин ҷадидон буданд. Аввали садаи XX намояндагони Адабиёти ҷадидия ба кишварҳои Европа – Вена, Будапешт, Берлин, Париж, Лондон ва ғайра сафар карда, бо ҳар роҳу восита ба вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, саноату кишоварзӣ, илму фарҳанг, мактабу маорифи аморати Бухоро дахолат мекарданд. Дар замонҳои собиқ шӯравӣ вобаста ба сиёсати замон ва идеологияи ҳукмрон ба Адабиёти ҷадидия баҳои манфӣ дода шуд. Солҳои 30 садаи XX бо сабаби ба инқилоб хиёнат кардани баъзе намояндагони ҷадидҳо ва чаправҳо омӯзиши эҷодиёти намояндагони онҳо ва чопи осорашон манъ гардида буд. Пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон ва таҳаввулот дар омӯзишу баррасии Адабиёти ҷадидия ба вуҷуд омада ва намунаҳои беҳтарини асарҳои намояндагони он таҷдиди назар гардид.
Адабиёт
вироишАйнӣ С., Намунаи адабиёти тоҷик, М., 1926; Гулмуродзода П., Маорифпарварӣ ва низоми нави ҷаҳон, Д., 2006; Табаров С., Ҷаҳони андешаҳои Фитрат, Д., 2000; Шакурӣ М., Хуросон аст ин ҷо, Д., 2009; Мирзозода Х., Адабиёти ҷадидаи демократӣ, маҷаллаи «Садои Шарқ», 1967, № 9; Рӯдакӣ. Фаслномаи адабӣ-фарҳангии Ройзании фарҳангии ҶИЭ дар Тоҷикистон. Вежаномаи ҷунбиши ҷадидия, 2007, № 16.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.