Адади Рейнолдс
Адади рейнолдс — бузургии беандоза, ки хусусияти ҷоришавии моеъ (газ)-ро муқаррар мекунад; яке аз меъёрҳои асосии тавсифоти ҷоришавии моеъҳо мебошад. Ба шарафи олими англис О. Рейнолдс (1842 – 1912) номида шудааст. Формулаи адади рейнолдс чунин намуд дорад: Re =ρυl/µ, ки дар ин ҷо ρ – зичии моеъ, µ – коэф.-и динамикии ғилзати моеъ, υ – суръати миёнаи ҷараён, l – андозаи хаттии ба маҷро хос (масалан, ҳангоми дар найчаи устувонашакл ҷорӣ шудани моеъ – қутри найча). Мувофиқи формула адади рейнолдс нисбати қувваи инерсионии воҳиди ҳаҷми моеъро бар қувваҳои ғилзатӣ, ки дар ҳудуди он ҳаҷм гузошта шудаанд, ифода мекунад. Ҳар як низоми ҷоришавии моеъ адади рейнолдси ба худ хос дорад. Қимати адади Ррейнолдс, ки дар он ҷараёни ламинарӣ ба турбулентӣ бадал мешавад, адади бӯҳронии Рейнолдс ном дорад. Ҳангоми Re>Re бӯҳронӣ будан ҷараён турбулентӣ ва ҳангоми Re<Re бӯҳронӣ будан ҷараён ламинарӣ ҳаракат мекунад. Қимати бӯҳронии адади рейнолдс барои найчаҳои устувонашакл ба 2320, барои каналҳои кушод ба 900 баробар аст. Адади рейнолдс ҳар қадар хурд бошад, қувваҳои ғилзатӣ ҳангоми ҳаракати моеъ ҳамон андоза роли муҳим мебозанд. Адади рейнолдс ҳангоми моделсозии ҳодисаҳои гидроаэродинамикӣ аҳамияти калон дорад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.