Адади волф
Адади волф (адади байналхалқии доғҳои Офтоб, адади нисбии доғҳои офтобӣ, адади сюрихӣ) — ададест, ки ба масоҳати умумии доғҳои дар вақти муайян намоёни сатҳи Офтоб тақрибан мутаносиб аст. Аз рӯи формулаи w = к (10g + f) муайян карда мешавад, ки дар он g – миқдори гурӯҳҳои доғҳо ва f – миқдори доғҳои ҷудогона, к – коэф. бамеъёрдарорӣ мебошад. Адади волфро астрономи швейтсарӣ Р. Волф дар садаи XIX ба астрономияи амалӣ ҷорӣ кардааст. Адади волфро аксар барои муқоисаи хурӯҷи Офтоб, ионизатсияи қабатҳои болоии атмосфера, мушоҳидаи тағйир ёфтани майдони геомагнитӣ, фаҷри қутбӣ ва ғайра истифода мебаранд. Адади волф яке аз нишондиҳандаҳои маъмули фаъолнокии Офтоб мебошад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.