Адади дараҷаҳои озодӣ
Адади дараҷаҳои озодӣ (дар механика) — ҳаракати имконпазири байнан новобастаи системаҳои механикӣ.
Адади дараҷаҳои озодӣ бо адади координатаҳои новобаста, ки ҳаракати системаро пурра ифода мекунанд, муайян карда мешавад. Адади дараҷаҳои озодӣ ба адад ва навъи пайвастҳое, ки дар система мавҷуданд, вобаста аст. Адади дараҷаҳои озодии системаи дорои n нуқтаҳои материалӣ ва r пайвастҳои геометрӣ, бо формулаи S = 3n – r ҳисоб карда мешавад. Нуқтаи материалие, ки аз рӯи хати рост ҳаракат мекунад, як дараҷаи озодӣ, нуқтаи материалие, ки дар сатҳи ҳамвор ҳаракат мекунад, ду дараҷаи озодӣ дорад. Ҳаракати нуқтаи материалии озод дар се тири координата ба амал омада, вазъияташ ҳангоми ҳаракати пешравӣ бо ин координатаҳо муайян карда мешавад. Яъне нуқтаи мазкур се дараҷаи озодӣ дорад. Системае, ки аз ду саққои ба ҳам мазбут пайвастшуда иборат аст (мисли гантел), се ҳаракати пешравӣ (дар се тири координата) ва ду ҳаракати чархзанӣ дорад, чунин система панҷ дараҷаи озодиро дорост. Системае, ки аз се саққои мазбут пайвастшуда иборат аст, се ҳаракати пешравӣ ва се ҳаракати чархзанӣ дорад, пас вай шаш дараҷаи озодиро соҳиб аст. Ҷисми мутлақ сахти дар атрофи меҳвари беҳаракат чархзананда як дараҷаи озодӣ ва ҷисми сахти озод шаш дараҷаи озодӣ дорад. Дар назарияи кинетикии газҳои идеалӣ барои ҳисоб кардани дади дараҷаҳои озодии молекулаҳо молекулаи якатомаро чун нуқтаи материалӣ, молекулаи дуатомаро чун гантел, молекулаи сеатомаро чун системаи механикии саққоӣқабул мекунанд. Азбаски энергияи кинетикии миёнаи газ ба дараҷаҳои озодӣ баробар тақсим мешавад, бо назардошти Адади дараҷаҳои озодӣ энергияи дохилӣ ва гармиғунҷоиши газро ҳисоб мекунанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.