Адади ратсионалӣ — ададе, ки дар шакли m/n (m ва n – ададҳои бутун) ифода шуда метавонад. Азбаски адади бутуни m-ро дар шакли m /1 навиштан мумкин аст, ҳамаи ададҳои бутун ратсионалӣ мебошанд. Дар маҷмӯи ададҳои ратсионалӣ амалҳои ҷамъ, тарҳ, зарб ва тақсим (агар тақсимкунанда сифр набошад) ҳамеша иҷрошавандаанд, яъне маҷмӯи ададҳои ратсионалӣ майдонро ташкил медиҳанд (нигар Майдони алгебравӣ). Қоидаҳои асосии иҷрои амалҳо бо ададҳои ратсионалӣ ба воситаи формулаҳои зерин ифода мешаванд: Ададҳои ратсионалӣ инчунин дар шакли касрҳои даҳии охирнок ё беохири даврӣ ифода шуда метавонанд. Ҳар гуна адади ирратсионалиро дар байни ду адади ратсионалӣ, ки фарқи байни онҳо беинтиҳо хурд аст, ҷой додан мумкин аст.

Рубъ

Сарчашма

вироиш