Адади шмидт
Адади Шмидт — яке аз меъёрҳои шабоҳати ҳаракати моеъ ё газ, ки дар онҳо равандҳои соиш ва диффузия бартарӣ доранд. Адади шмидт ба нисбати коэффитсентҳояш ғализии кинематикии моеъ ё газ ν бар коэф. диффузия D баробар аст: ки дар ин ҷо ν = μ/ρ (µ – коэф-и ғализӣ, ρ – зичӣ) мебошад. Адади шмидт таъсири нисбии равандҳои молекулавии интиқоли миқдори ҳаракат ва интиқоли массаи ғашҳоро ба тавассути диффузия тавсиф медиҳад. Дар газҳои мукаммал Sc=1, аст, чунки ν =D мебошад; дар газҳои ҳақиқӣ вай аз 1 фарқ дошта метавонад. Ба ифтихори В. М. Шмидт номида шудааст. Адади шмидтро бузургии диффузиявии ададҳои Прандтл низ номида, бо Ptp ишорат мекунанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.