Ададҳои квантӣададҳои бутун (0, 1, 2, …) ва нимбутун (1/2, 3/2, 5/2, …), ки қиматҳои дискретии имконпазири бузургиҳои физикии системаҳои квантӣ – ядрои атом, атом (молекула) ва баъзе зарраҳои бунёдиро ифода мекунанд. Баъзе ададҳои квантӣ бо ҳаракати зарра дар фазо алоқаманд буда, тақсимоти фазоии функсияи мавҷии онро тавсиф медиҳанд. Масалан, ададҳои квантии электрон дар атом радиалӣ ё асосӣ , мадорӣ ва магнитӣ . Қисми дигари ададҳои квантӣ бо ҳаракат дар фазо алоқаманд набуда, ҳолати «дохилаи» зарраҳоро тавсиф медиҳанд. Ба чунин ададҳои квантӣ спин ва проексияи он дохил мешаванд. Дар физикаи ядроӣ инчунин ададҳои квантӣ изоспин ( ё ), дар физикаи зарраҳои бунёдӣранг, малоҳат , фаттоният ва воқеият -ро ифода мекунад. Татбиқи ададҳои квантӣ дар механикаи квантӣ дискретӣ будани равандҳоеро, ки дар микроолам ба вуқӯъ меоянд, нишон медиҳад ва бо мавҷудияти кванти таъсир ё собитаи Планк зич алоқаманд аст. Ададҳои квантӣ бори аввал (1913) барои баён кардани қонуниятҳои тайфҳои атомӣ, ки дар таҷриба кашф шудаанд, ба физика дохил карда шуд. Аммо моҳияти ададҳои квантӣ ва дискретии баъзе бузургиҳои ба онҳо вобастаеро, ки динамикаи микрозарраҳоро тавсиф ме­диҳанд, танҳо механикаи квантӣ ошкор кард. Нигар Атом.

Сарчашма

вироиш