Ададҳои пифагор — сегонаи ададҳои натуралии х, у ваz -ро гӯянд, ки муодилаи х2+у2=z2-ро қонеъ мегардонанд (масалан, ададҳои 3, 4, 5 сегонаи ададҳои пифагорро ташкил медиҳанд). Секунҷаҳое, ки дарозии тарафҳояшон ба ин ададҳо мутаносиб (ё баробар) аст, секунҷаҳои росткунҷа мебошанд. Ҳамаи сегонаҳои ададҳои байнан содаи Пифагорро бо формулаҳои x=m2–n2, y=2mn, z=m2+n2 (m ва n- ададҳои бутуни мусбат) ёфтан мумкин аст.

Сарчашма

вироиш