Ададҳои ҳақиқӣ
Ададҳои ҳақиқӣ — ададҳои мусбат, манфӣ ё сифрро гӯянд. Ададҳои ҳақиқи ратсионалӣ ва ирратсионалӣ мешаванд. Назарияи дақиқи ададҳои ҳақиқи, ки дар асоси ададҳои ратсионалӣ ададҳои ирратсионалиро муайян мекунад, дар нимаи дуюми асри 19 ба туфайли тадқиқоти К. Вейерштрасс, Р. Дедекинд ва Г. Кантор ба вуҷуд омад. Маҷмӯи ҳамаи ададҳои ҳақиқиро хати рости (тири) ададӣ номида, бо R ишора мекунанд. Маҷмӯи мазкур ба таври хаттӣ мураттабшуда мебошад ва нисбат ба амалҳои асосии арифметикӣ (ҷамъ ва зарб) майдонро ташкил медиҳад. Тири ададӣ ба хати рости геометрӣ монанд аст, яъне миёни ададҳои маҷмӯи R ва нуқтаҳои хати рости геометрӣ вобастагии мутақобилан якқиматаро муқаррар намудан мумкин аст. Хосияти муҳимтарини тири ададӣ бефосилагии он аст. Назарияи ҳудудҳо, ки бунёди таҳлили математикиро ташкил медиҳад, ба хосиятҳои тири ададӣ такя менамояд. Нигар низ адад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.