Адаптер

саҳифаи маъноҳои Викимедиа

Адаптер (англисӣ аdaptеr, лотинӣ adapto – мувофиқ мекунам) — афзор, асбоб ё олотест барои пайваст намудани асбобҳое, ки тарзи дигари ба ҳам мувофиқи пайвастшавӣ надоранд. 1) Дар информатика адаптер афзорест барои мувофиқат кардани мошинҳои ҳисоббарор (аз ҷумла компютери фардӣ) бо афзори беруна; воситаҳои мувофиқат кардани афзори гуногуни мошинҳои ҳисоббарор, аз ҷумла ҳисобмошинҳое, ки усулҳои гуногуни пешниҳоди маълумотро истифода менамоянд. Адаптер дар комютерҳои фардӣ барои зиёд намудани имкониятҳои он низ пайваст карда мешавад. 2) Дар техникаи аккосӣ адаптер кассетаи иловагии аппарати аксбардорӣ мебошад, ки истифодаи маводи ба рӯшноӣҳассоси шакл ва иҷроишашон гуногуни бо сохти он пешбининашударо имконпазир мегардонад; афзорест барои ба аппарати аксбардорӣ пайваст кардани объективҳои ивазшавандаи пайвасткуниашон ғайримуқаррарӣ. 3) Дар техникаи сабти овоз адаптер садобардорест, ки лаппишҳои механикии сӯзанро (ҳангоми давр задани он) ба лаппишҳои электрикии басомади савтӣ табдил медиҳад. 4) Дар техникаи электрикӣ адаптер афзорест барои табдил додани параметрҳои шиддат ва ҷараёни шабакаи электрикӣ ба шиддат ва ҷараёни кори асбоби электронӣ ё асбоби маишии электрикии рӯзгор.

Сарчашма

вироиш