Аделаида (англ. Adelaide) — шаҳр ва яке аз бандарҳои калони баҳрии соҳили ҷанубии Австралия, дар халиҷи Сент-Винсент, дар резишгоҳи дарёи Торренс. Пойтахти штати Австралияи Ҷанубӣ. Аҳолиаш 1138800 нафар (2006).

Шаҳр
Аделаида
Adelaide
Парчам Нишон
Парчам Нишон
34°56′ с. ш. 138°35′ в. д.HGЯO
Кишвар Австралия
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 28 декабр 1836
Масоҳат
  • 1 295 км²
Баландии марказ 1 м
Минтақаи замонӣ UTC+09:30[d] ва UTC+10:30[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Номи қавмӣ аделаидагӣ, аделаидагиҳо[1]
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 08700, 08701, 08702, 08703, 08704, 08705, 08706, 08707, 08708, 08709, 08710, 08711, 08712, 08713, 08714, 08715, 08716, 08717, 08720, 08721, 08722, 08723, 08724, 08725, 08730, 08731, 08732, 08733, 08734, 08735, 08736, 08740, 08741, 08742, 08743, 08744, 08745, 08746, 08747, 08810, 08811, 08812, 08813, 08814, 08815, 08816, 08817, 08819, 08820, 08821, 08822, 08823, 08824, 08825, 08826, 08827, 08829, 08830, 08831, 08832, 08833, 08834, 08835, 08836, 08837, 08839, 08840, 08841, 08842, 08843, 08844, 08845, 08846, 08847, 08849
Нишонаи почта SA 5000
adelaidecitycouncil.com
Аделаида дар харитаи
Аделаида
Аделаида
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих

вироиш

Аделаида 28 декабри 1836 бунёд гашта, ба шарафи ҳамсари шоҳи Британия Вилгелми IV– шоҳбону Аделаида номгузорӣ шудааст.

Саноат

вироиш

Дар Аделаида саноати худравсозӣ, киштисозӣ, коркарди нефт, металлургия, саноати сабук, хӯрокворӣ, химия, электротехникӣ, инчунин электроника ва механикаи дақиқ тараққӣ кардааст. Ба воситаи бандари Аделаида қисми зиёди маҳсулоти содиротии хоҷагии қишлоқи Австралия (гандум, меваҷот, машрубот, пашм) бароварда мешавад. Дарёи Торренс шаҳрро ба ду қисм: ҷанубӣ (маркази маъмурӣ) ва шимолӣ (маҳалли истиқоматӣ) ҷудо мекунад.

Илм ва маориф

вироиш

Аделаида маркази муҳими илмӣ ва маданист. Дар Аделаида донишгоҳ, осорхонаи таърихи зинда, обсерватория, нигористон мавҷуд аст.

Ёдгориҳои меъморӣ

вироиш

Ёдгориҳои меъмории асили динии нимаи Аделаида 19 ва аввали садаи XX маҳфуз мондаанд. Дар Аделаида ҳар ду сол моҳи март фестивали умумиҷаҳонии санъат (бо фарогирии тамоми ҳунарҳои саҳнавӣ ва манзурӣ) гузаронида мешавад.

Сарчашма

вироиш