Аденоидҳо (аз юнонӣ aden – ғадуд ва eidos – шакл) — аз ҳад зиёд калон шудани бодомакҳои ҳалқу димоғ. Асосан дар ширхораҳо ва кӯдакони 3 – 10-сола (баъзан аз 10-сола калон) мушоҳида мешавад. Ба аденоидҳо баъзе бемориҳои сироятӣ, ки ҳангоми онҳо пардаи луобии даруни бинӣ ва бодомакҳо газак мегиранд (масалан, сурхча, махмалак, хуноқ, грипп ва ғайра), инчунин газаки шадид ва музмини роҳҳои болои нафаскашӣ мусоидат мекунанд. Душвор гаштани нафаскашӣ бо бинӣ, ки дар натиҷаи ҳалқу димоғро пур кардани бодомаки калон ба амал меояд, ҳамчунин тарашшуҳи зиёд аз бинӣ аломатҳои аввалини аденоидҳо мебошанд. Дар натиҷаи ихтилоли нафаскашӣ бо бинӣ кӯдакон даҳонашонро кушода хоб мераванд, хоби онҳо ноором буда, хуррок мекашанд. Кӯдакони ширмак синаро дуруст макида натавониста, ҷисман суст инкишоф меёбанд. Ғайр аз ин аденоидҳо сабаби пайдо шудани бронхит ва бронхопневмония мегардад. Дар чинҳои аденоидҳо баъзан ба миқдори зиёд бактерияҳо ғун мешаванд (аденоиди музмин). Бисёр вақт дар баробари калон шудани аденоидҳо қувваи сомеа заиф мешавад. Аз сабаби душвор гардидани ҳаракати хуну лимфа дар майна сари кӯдакон дард мекунад. Барои пешгирии оқибати нохуши аденоидҳо ҳангоми пайдоиши аломатҳои аввалини беморӣ дарҳол ба духтур муроҷиат кардан зарур аст. Аденоидҳоро бисёр вақт бо роҳи ҷарроҳӣ муолиҷа менамоянд; 2 – 3 рӯзи аввали баъди ҷарроҳӣ кӯдакро бистарӣ карда, то 5 – 7 рӯз аз таоми гарм (аз 18 – 20°С боло), хӯрданиҳои сахт (масалан, нони хушк ва ғайра), инчунин хӯрокиҳои тунд, шӯр ва шоколад парҳез кунондан лозим аст; бисёр ҳаракат кардан ва дар офтоб гаштан мумкин нест; ҷойи зисту бозӣ ва хоби ӯ бояд доимо тоза бошад. Хонаи хоби кӯдакро фақат бо латтаи тар тоза кардан лозим.

Адабиёт

вироиш
  • Острейков И. Ф., Пивоваров С. А., Комбинированная анестезия этраном и фентанилом при аденоидэктомии у детей.
  • Пособие для врачей, М., 2000;
  • Шеврыгин Б. В., Керчев Б. И., Ультразвуковая аспирационная аденоидэктомия у детей, М., 2001.

Сарчашма

вироиш