Аденомиома
Аденомиома (аз юнонӣ aden – ғадуд, mys – мушак ва oma – пасванд, ки маънои омосро дорад) — омосест, ки асосан аз эпителияи ғадуд ва бофтаи суфтамушак таркиб ёфтааст. Дар аденомиома, одатан, аломатҳои сабзиш ва инкишоф ба мушоҳида намерасанд. Аденомиома бештар дар бачадон (махсусан дар қисми охири танаи он), маҳбал, гоҳо дар тухмдон, роҳи меъдаю рӯда, талхадон пайдо мешавад. Аденомиома омоси ғайрисаратонист (ба бемории саратон ё саркома хеле кам табдил меёбад).
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.