Адиби Пешоварӣ (Сайидаҳмад ибни Шиҳоби Ризавӣ;1844[1], Пешовар, Sikh Empire[d]30 июн 1930, Теҳрон, Эрони Паҳлавӣ[d]) — шоир ва адиби эронӣ, аз пайравони тариқати сӯфияи суҳравардия.

Адиби Пешоварӣ
форсӣ: احمد ادیب پیشاوری
Таърихи таваллуд 1844[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 30 июн 1930(1930-06-30)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Бар асари ҷангҳову задухӯрдҳои мазҳабӣ байни ҳиндувону мусулмонон (аҳли оила ва хешовандонаш ба қатл расиданд) аз зодгоҳаш фирор карда, дар Кобул, Ғазнин, Ҳирот ва Машҳад умр ба сар бурд. Ҳангоми сукунат дар ин шаҳрҳо ба омӯзиши илмҳои маъмули давр – сарфу наҳви арабию форсӣ, бадеъ, арӯз, қофия, ҳикмат, мантиқ, фиқҳ, риёзиёт ва ғайра машғул буд. Соли 1882 ба Теҳрон омад ва то охири умр дар ин ҷо зиндагӣ кард.

Фаъолияти эҷодӣ

вироиш

Дар шеър пайрав ва мӯътақиди навъҳои адабӣ, сабку услуби адабиёти классикии форс-тоҷик ва намояндагони маъруфи он, махсусан Носири Хусрав ва Хоқонии Шервонӣ буд. Дар девони ашъори ӯ (Т., 1934) ғазалиёт, қасоид, қитъаҳо, манзумаҳо ва ғайра фароҳам омадаанд. Адиби Пешоварӣ ба забони арабӣ низ эҷод мекард (аз 4200 байти девонаш 370 байт ба забони арабианд). Дар пайравии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ достоне бо номи «Қайсарнома» сурудааст. Мавзӯи ашъораш васфи ватан, шикоят аз вазъи ноҳинҷори иҷ­тимоии мардум ва ғайра Адиби Пешоварӣ душманони озодию истиқлоли Эронро мазаммат кардааст (шеърҳои «Дар тағаззул ва сиёсату ҳимояти ватан», «Дар тағаззул ва нафрин бар хоинони ватан» ва ғайра). Рисолаҳои илмии Адиби Пешоварӣ ба таҳлили эҷодиёти Носири Хусрав бахшида шудаанд («Рисола дар баёни қазоиёт ва бадеҳиёти аввалия», «Рисола дар нақди ҳозир»). Адиби Пешоварӣ асари Абулфазли Байҳақӣ «Таърихи Байҳақӣ»-ро бо шарҳҳову тавзеҳот ба табъ расондааст.

Адабиёт

вироиш