Адиб (нашриёт)
«Адиб» — муассисаи давлатии нашриявӣ, ки осори адабӣ-бадеӣ, тарҷумавӣ, бачагона ва танқиди адабӣ интишор мекунад.
{{{ном}}} |
---|
Таърих
вироиш1 апрели соли 1987 таъсис ёфтааст. Дар солҳои аввали таъсис шуданаш дар «Адиб» шуъбаҳои адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти бадеӣ ба забони русӣ, адабиёти илмиву оммавӣ ва адабиёти кӯдакону наврасон вуҷуд доштанд. То солҳои 90 садаи XX дар «Адиб» ҳар сол беш аз 200 номгӯй китоб бо теъдоди 4 млн нусха интишор мегардид. Ҳоло (2011) дар «Адиб» се шуъба амал мекунанд:
- адабиёти классикӣ, адабиётшиносӣ ва тарҷума;
- адабиёти муосир;
- адабиёти кӯдакон ва наврасон.
Дар «Адиб» адибони маъруфи Ҷумҳури Тоҷикистон Бобо Ҳоҷӣ, Қутбӣ Киром, М. Шералӣ, Ӯрун Кӯҳзод, Ш. Шараф, Кароматуллоҳ Мирзоев, Баҳром Фирӯз, Ҳадиса, Мирзо Шукурзода, Алӣ Бобоҷон, Ҳайрат Шанбезода, Р. Мардон, Муҳтарам Ҳотам, А. Маҳмадшоҳ ва дигарон кор кардаанд.
Ҳайати имрӯзаи «Адиб» (2011) аз адибони соҳибтаҷриба ва ҷавонони лаёқатманд Сайдалӣ Маъмур, Ҳ. Мурод, О. Мирак, И. Қосимзода, Ю. Аҳмадзода, Зиё Абдулло, Гурез Сафар, М. Акбарзод, М. Кенҷа, С. Амирхон ва дигарон иборат аст. Ба тавассути «Адиб» куллиёту мунтахаботи классикони адабиёти форс-тоҷик Рӯдакӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Умари Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Бедил, Зебуннисо, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон дастрасти хонандагон гардидаанд. Кормандони «Адиб» ба муносибати 1000-солагии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аз соли 1987 то соли 1992 ин асарро дар 9 ҷилд ба табъ расонданд. Дар силсилаи «Ахтарони адаб» (50 ҷилд), ки «Адиб» нашри онро ба уҳда гирифтааст, боз «Шоҳнома» дар 9 ҷилд мунташир гардид. Ба ифтихори ҷашнҳои 1100-солагии давлатдории Сомониён, 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1130-солагии Имоми Аъзам ва ғайра ба тавассути «Адиб» китобҳои «Шоирони аҳди Сомониён», «Насими Мӯлиён»-и А. Раҳмонфар, «Қиссаи подшоҳони Сомонӣ»-и С. Ҳалимиён, «Одам-уш-шуаро Рӯдакӣ»-и А. Афсаҳзод, «Паямбари ишқ»-и А. Сайфуллоев, «Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Имоми Аъзам ва ҳувияти миллӣ» (ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ғайра) ба табъ расонда шуданд. Дар «Адиб» осори адибони насли калонсоли Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, М. Раҳимӣ, Ҷ. Икромӣ, Р. Ҷалил, А. Деҳотӣ, Ф. Ниёзӣ, А. Шукӯҳӣ, Ф. Муҳаммадиев, М. Қаноат, Лоиқ, Қ. Киром ва дигарон муҷададан нашр мешаванд. Навиштаҳои шоирону нависандагони маъруфи муосир М. Бахтӣ, Ӯ. Кӯҳзод, Сорбон, С. Турсун, А. Самад, К. Мирзо, Гулназар, Ҳ. Ғоиб, А. Ҳаким, С. Маъмур, К. Насрулло, Фарзона, Н. Қосим, Р. Назрӣ, М. Ғоиб, З. Абдулло ва дигарон «Адиб» дастраси хонандагон гардондааст. Барои хонандагони хурдсол ва наврасону ҷавонон осори адибоне, ки барои онҳо менависанд, инчунин китобҳо дар силсилаҳои «Кишвари худро меомӯзем», «Симоҳои ҷовид», «Таърихи Ватан», «Забон донӣ, ҷаҳон донӣ», «Тарбияи фарзандон» ва ғайра пешкаш мешаванд. Сарварони «Адиб» — А. Остонова (1987 — 90), К. Мирзоев (1990—2004), А. Ҳамдам (2004 — 09). Аз соли 2009 сарварии «Адиб»-ро Ф. Каримов ба уҳда дорад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Адиб // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.