Адигейҳо
Адигейҳо — халқе, ки асосан дар адиге (Республикаи Адигей)-и Федератсияи Россия истиқомат дошта, дар соҳили шимолии Баҳри Сиёҳ аз шохоби Кубан то Абхозистон паҳн шудааст. Дар Федератсияи Россия ҳамагӣ 150 000 нафар зиндагӣ доранд. Калимаи адигей ба тамоми забонҳои мардуми Кавказ маънои ҷазираро ифода мекунад. Адигейҳо алифбо ва сарфу наҳви мукаммали худро доранд. Аҷдоди адигейҳо аҳолии муқимии Кавкази Шимолӣ будаанд, ҳарчанд дар этногенезашон (раванди пайдоиши халқ) скифҳо, сарматҳо ва аланҳои аз дигар ҷой омада низ ширкат доштаанд. Дар асрҳои 13 – 14 иддае аз адигейҳо ба ҳавзаи дарёи Терек (кабардинҳо) кӯч баста, қисми асосии аҳолӣ дар соҳилҳои Баҳри Сиёҳ муқим мондаанд. Ин гурӯҳи қабилаҳои адигейҳо ба номи черкесҳо маъмул гаштанд, ки минбаъд чандин қабилаҳо, аз қабили шапсугҳо, абадзехҳо, натухайсҳо ва дигаронро муттаҳид намуданд. Адигейҳо асосан кишоварз ва чорводоранд. Аксарияти аҳолӣ аз асри 18 ба аҳли тасаннуни Ислом гаравидаанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.