Адирсеб — навъе аз себҳои миёнапазаки маҳаллӣ. Дарахташ зудсабз, аҳромшакли хамидашох, сернавда, 5 – 7 м қад мекашад. Навдаҳои қисми офтобрӯяаш сурхча буда, навдаҳои ҷойи сояаш сабзи хокистарианд. Баргаш дилшакли нӯгтез, сабзи баланд, пушташ патдор. Нимаи апрел гул карда, аввали июл мепазад. Мевааш миёнаҳаҷм (вазни меваи дарахти худрӯяш андаряк 40 – 50 г, пайвандиаш 75 – 80 г), байзашакл, сафеди ширранг, тобиши сурхча дорад; пӯсташ ғафс. Гӯшташ сахти карсосӣ, сафед, сероб ва нордон, 12 – 16 дона тухми майда дорад. Ниҳоли пайвандиаш баъди 3 – 4 соли шинондан самар меорад. Ниҳолашро аз рӯи тартиби 6 ×5, 6 × 6 м мешинонанд. Меваи дарахтони пайвандиаш калон, хушрангу сероб, ширин ва хуштамъ буда, ба Рахшсеб шабоҳат дорад. Ба гармову сармо (хунукии 25 – 26°С) ва камобӣ тоб меорад. Дар заминҳои лалмӣ хуб месабзад. Адирсеб бештар дар талу теппаҳои деҳаҳои Хонақоҳи Кӯҳӣ, Арбобӣ, Қаротоғ ва Алмосии ноҳияи Ҳисор мерӯяд. Аз касалии гарда ва ҳашароти зараррасон (мевахӯраки себ) зарар мебинад.

Адабиёт

вироиш
  • Плодовые Среднего Таджикистана, Л., 1935;
  • Плодоводство Таджикистана, Сталинабад 1948.

Сарчашма

вироиш