Адмиралтейство

саҳифаи маъноҳои Викимедиа

Адмиралтейство — 1) маркази киштисозии ҳарбӣ дар Россия. Аввалин адмиралтейство дар Архангелск ташкил шуд (1693). Дар Воронеж (1694), Қазон (1718), Астрахан (1722), Севастопол (1783), Николаев (1789), Кронштадт (1752) ва дигар шаҳрҳои Россия низ вуҷуд дошт. Адмиралтейство аз бандар, корхонаҳои киштисозӣ ва таъмири киштӣ, анборҳо ва ғайра иборат буд. Адмиралтействои асосӣ дар шаҳри Санкт-Петербург қарор дошт. Солҳои 1704 – 1844 дар ин ҷо киштиҳоро сохта, сипас ба мақомоти идоракунии флот месупориданд. Аз аввали садаи XIX адмиралтейство бо сохтори бандарҳои ҳарбӣ омехта гардида, танҳо ҳамчун номгӯи таърихӣ боқӣ монд. 2) Биноест дар Санкт-Петербург, намунаи барҷастаи санъати меъмории рус ва ҷаҳонӣ. Онро соли 1704 Пётри I ҳамчун корхонаи киштисозӣ бунёд карда буд. Ҳоло дар он фармондеҳии Флоти Балтикаи Федератсияи Россия ҷойгир аст. 3) Дар Британияи Кабир мақоми олии маъмурии қувваҳои баҳрӣ (ба вазорати баҳрӣ мутобиқ аст).

Сарчашма

вироиш