Адоии Самарқандӣ (? — 1595) — шоири тоҷик.

Адоии Самарқандӣ
Таърихи даргузашт: 1595(1595)
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Давраи ҷавонӣ ва таҳсили илмро дар Самарқанд гузаронд. Пас аз хатми таҳсил ба Ҳиндустон рафт ва то охири умр он ҷо монд. Мувофиқи маълумоти тазкираҳо дар сурудани ғазал маҳорати хуб доштааст. Аз осораш абёти пароканда боқӣ мондааст. Байти зерин аз ӯст:

Ёди висоли ӯ дили мо шод мекунад,
Умри гузаштаро ҳама кас ёд мекунад.

Адабиёт

вироиш
  • Суханварони Сайқали рӯи замин. Д., 1973.

Сарчашма

вироиш