Open main menu

Адрасбофӣ (порсӣ: ادرسبافی ) - матои адрасро дар Хуҷанд инчунин «подшоҳӣ» ва адраси сурхро «подшоҳии сурх» меномиданд. Бофандаҳои адрас ба ду гурӯҳ ҷудо мешуданд. «Бофандор»(порсӣ: بافندار ) устое буд, ки дар дастгоҳи адрасбофӣ кор мекард ва коргаре, ки ба таркиби ресмонҳо назорат мекард, ўро «иштибор» меномиданд. Устоҳои дигар ба таҳияи нақшҳо дар адрас машғул мешуданд, ки ин амалро абрбандӣ (порсӣ: ابربندی ) мегуфтанд. Бофандагон барои рангу бори адрас рангҳоро аз рӯян, пӯстлохи анор, испарак ва ғайра тайёр мекарданд. Аз маъданҳо купороси оҳан, шангарф, суринҷ, лоҷувард, оксиди мис ва чанде дигар истифода мешуданд. Адрас дар шаҳру ноҳияҳои гуногун фақат бо нақшу нигор фарқ дошт, вале усули бофтани он дар ҳама ҷо як хел сурат мегирифт. Адрасро абрбандӣ намуда, аз ду то ҳашт навъи рангҳоро дар нақшу нигор истифода мебурданд. Вобаста ба сабки ороиш ва тобиши рангҳо адрасро - пудавлон, шохсабз, зангор, пудсафед, бунафш, барги карам, хумӣ, нағора, шона, мурғобӣ, галашох ва ғайра меномиданд. Адрасе, ки дар ду тарафаш гул партофта шуда бошад, адраси дурӯя ном дошт. Адрасро бештар дар дастгоҳҳои махсус ҳам ороиш медоданд, ки сифаташ беҳтар ва намудаш суфтаю ҷилодор мешуд. Аз адрас куртаю пойҷома, ҷомаҳои занонаю мардона, кўрпа ва ғайра медўхтанд. [1] [2]

НигаредВироиш

МанбаъВироиш

  1. Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 7 - 9.
  2. Адрас // Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷ.1. – Душанбе, 1978. – С. 78.