Адронҳо (юнонӣ αδρος – бузург) — синфи зарраҳои бунёдие, ки таъсири мутақобилаи бузург доранд.Ба ду гурӯҳи калон: барионҳо (бо зар­яди барионии В=1) ва мезонҳо (бо заряди барионии В=0) ҷудо мешаванд. Истилоҳи адронҳоро физики советӣ Л. Б. Окун соли 1962 ҳангоми гузаштан аз тамсилаи зарраҳои таъсири мута­қобилаашон бузурги Саката ба назарияи кваркӣ пешниҳод кардааст. Адронҳо ба ададҳои квантӣ (аҷобат, малоҳат, фаттоният) моликанд, ки дар раванди таъсири мутақобилаи бузург боқӣ мемонанд. Аксари моддаҳои муоинашавандаи табиат аз барионҳо ташаккул ёфтаанд (нуклонҳо), ки ядрои атомро ташкил медиҳанд. Нигар Барионҳо, Мезонҳо, Зарраҳои бунёдӣ.

Сарчашма

вироиш