Адуляр
Адуляр — минерал, як намуди ортоглази шаффофу беранг, санги қамарӣ. Ба ифтихори маҳали Адуляри Швейтсария, ки бори аввал кристаллҳои он дар он ҷо ёфт шуда буданд, номгузорӣ шудааст. Адуляр аз ҷинсҳои магмавии кӯҳӣ иборат буда, алкомисилакатори калий К[AlSi3O8] мебошад. Дар табиат дар шакли кристалл ё ғурӯша вомехӯрад. Сахтиаш аз рӯи шкалаи Моос – 6. Адуляр санги нимгаронбаҳо маҳсуб ёфта, як намуди шаффоф ва ё нимшаффофи шпати даштӣ аст. Ҷилои шишагуни нилобӣ дорад. Адуляр барои сохтани маснуоти заргарӣ истифода мешавад. Адулярро баъзан «сангӣ яхмонанд» ё «чашми моҳӣ» низ меноманд. Конҳои адуляр дар Швейтсария, Шри-Ланка, Бирма, Танзания, Ҳиндустони Ҷанубӣ, ИМА ва Тоҷикистон мавҷуданд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.