Адҳам Бобоев
Адҳам Сафарович Бобоев (11 июни 1935, деҳаи Зимтуд, ноҳияи Панҷакент — 4 апрели 2007, Душанбе) — физикдони тоҷик, доктори илмҳои физика ва математика (1981), профессор (1983).
Адҳам Сафарович Бобоев | |
Таърихи таваллуд | 11 июн 1935 |
Зодгоҳ | Ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 4 апрел 2007 (71 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар |
![]() |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Зиндагинома вироиш
Хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1957). Дар Мактаби олии сиёсии ҳарбии назди Шӯрои Вазирони ИҶШС (ш. Свердловск, 1958-60) таҳсил намудааст. Аспиранти Институтифизикаи АИ ҶШС Озарбойҷон (1961-64). Мудири кафедраи физикаи Институтихоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1966-88). Таҳқиқоти ӯ ба омӯхтани хосиятҳои нурафканӣ ва нурфурӯбарии булӯрҳои фосфорӣ, усули пайдо кардани пардаҳои ниҳоят тунук (1940-50) ва хосиятҳои электрооптикии кристаллҳои моеъ оиданд. Бобоев муаллифи зиёда аз 11 ихтироот буда, 5-тои онҳо дар истеҳсолот татбиқ шудаанд. Муаллифи беш аз 200 асару мақолаи илмист. Узви Шӯрои илмии сексияи кристаллҳои моеи АИ ҶШС (аз с.1979), аз с.1965 узви ИЖ ИҶШС буд.
Осор вироиш
- Қонунҳои ҳаракати озоди олами сағиру кабир ягонаанд. Д., 1971;
- Назари ҷадид ба табиати мавҷҳои электромагнитӣ. Д., 1998;
- Формулаҳои баробарвазни муайян кардани суръати рӯшноӣ. М., 1999.
Эзоҳ вироиш
Адабиёт вироиш
- Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 8. Д., 1988;
- Чароғи равшан. Д., 2009;
- Олиме, ки қонуни Нютонро инкор кардааст. Д., 2006.
Пайвандҳо вироиш
Сарчашма вироиш
- Бобоев Адҳам / М. Давлатова // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.