Азизи Азиз (Азизов Азиз Ибодуллоевич; тав. 12 феврали 1961, ноҳияи Ғончӣ) — нависандаи тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1994).

Азизи Азиз
Азизов Азиз Ибодуллоевич
Азизи Азиз
Азизи Азиз
Таърихи таваллуд: 12 феврал 1960(1960-02-12) (64 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Ғончӣ ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: нависанда
Забони осор: тоҷикӣ
Ҷоизаҳо: Ҷоизаи ҷавонони Тоҷикистон (1994), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Азизи Азиз 12 феврали соли 1960 дар деҳаи Каҷровути ноҳияи Ғончӣ таваллуд ёфтааст. Мактаби ҳаштсоларо дар зодгоҳаш ва миёнаро дар интернати шаҳри Чкалов хатм карда, соли 1977 муҳассили факултаи педагогика ва методикаи таълими ибтидоии Институти давлатии педагогии Хуҷанд шудааст. Баъди хатми донишгоҳ (1982) муддате корманди радиои маҳаллӣ ва рӯзномаи сертиражи «Абрешимбофи пешқадам» будааст. Баъдан ба зодгоҳаш рафта, то соли 1987 омӯзгорӣ кардааст. Соли 1987 дар шаҳри Душанбе ба кор пардохта, аввал муҳаррири калон, баъдан котиби масъули маҷаллаи «Чашма» будааст. Ҳамчунин, муддате дар рӯзномаҳои «Тоҷикистон»-у «Ҷавонони Тоҷикистон» ва маҷаллаҳои «Фирӯза»-ву «Истиқбол» фаъолият доштааст.

 
Конкурс «Библиотека историй Таджикистан-Россия» в Российской государственной детской библиотеке. Слева направо (Азизи Азиз, Раджабзода Салима, Маҷид Салим, Максим Амелин)

Эҷодиёт вироиш

Азизи Азиз асосан барои бачаҳо менависад. Гулчини офаридаҳояш дар китобҳои «Афсона ва ҳикояҳо» (1989), «Хандонак» (1998), «Қиссаи пирамарди тоҷик ва сарлашкари муғул» (1998), «Қарзи сарлашкар» (2001), «Донишманд ва девдарахт» (2010), ҳикояҳо (2011), «Баҳор омад» (2012), «Фил аз чӣ метарсад?», «Афсонаи об», «Шаш ва нуҳ», «Саргузашти заргӯшак», «Афсонаи тарс», «Ҷануб кадом тараф аст?» (2013) ба чоп расидаанд. Чанд афсонаи ӯ ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, чехӣ ва қирғизӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Ҷоизаҳо вироиш

  • Ҷоизаи ҷавонони Тоҷикистон (1994);
  • Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 27 ISBN 978-99947-2-379-9