Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода
Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода (Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад; зод. 4 марти 1959, ноҳияи Ашт) — ҳуқушинос, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Таърихи таваллуд | 4 март 1959 (65 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои ҳуқуқ[d] |
Зиндагинома
вироишАзизмуҳаммад Холмуҳаммадзода 4 марти соли 1959 дар ноҳияи Ашт дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Пас аз анҷоми мактаби миёнаи № 13 ба номи Камоли Хуҷандии ноҳия соли 1976 ба факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дохил шуда, онро соли 1981 хатм мекунад[1].
Оиладор, соҳиби ду писар мебошад.
Корнома
вироишӮ дар вазифаҳои коромӯзи прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Хуҷанд, муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ашт, муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Исфара, муфаттиши корҳои махсусан муҳим ва сардори шуъбаи тафтишотии прокуратураи вилояти Суғд, муовини сардори Раёсати тафтишотӣ, сардори шуъбаи назорат бар тафтишоти пешакӣ ва таҳқиқ дар мақомоти Вазорати корҳои дохилии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати тафтишотии прокуратураи вилояти Суғд, прокурори вилояти Хатлон, муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовин ва муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
28 феврали соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии Ашт № 17 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум интихоб шудааст[2].
1 марти соли 2015 аз ҷониби бахши ҲХДТ дар ноҳияи Ашт маротибаи дуюм дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии Ашт № 17 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Ҷоизаҳо
вироишХидматҳои Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода дар мустаҳкам кардани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо ордени "Шараф, рутбаи Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2 (генерал-лейтенанти адлия), Корманди фахрии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаҳои прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ қадрдонӣ шудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт. 25 ноябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ КМИР рӯйхати вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагонро чоп кард. 9 марти 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 июли 2015.
Пайвандҳо
вироиш- КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Бойгонӣ шудааст 6 апрели 2015 сол.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |