Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки онҳо дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад.

Assembly of Representatives
Маҷлиси намояндагон
Majlisi namoyandagon
Навъ
Таърих
Таъсис 26 September 1999
Фармонравоҳо
Chairman of the Assembly of Representatives
Shukurjon Zuhurov
Since 16 March 2010
Сохт
Ҷойҳо 63 members
Гурӯҳҳои сиёсӣ

     People's Democratic Party of Tajikistan (51)
     Agrarian Party (5)
     Party of Economic Reforms (3)
     Communist Party of Tajikistan (2)
     Socialist Party of Tajikistan (1)

     Democratic Party (1)
Интихобот
Интихоботи охири
1 March 2015
Макони вохӯрӣ
Dushanbe
Сомона
parlament.tj

Салоҳияти Маҷлиси намояндагон

вироиш
  • Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;
  • Ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ;
  • Тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
  • Ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ;
  • Тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ;
  • Таъини раъйпурсӣ;
  • Таъсиси судҳо;
  • Тасдиқи рамзҳои давлатӣ;
  • Тасдиқи мукофотҳои давлатӣ;
  • Тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи таъйин ва озод намудани раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯ;
  • Муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ ва унвонҳои махсус;
  • Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаҳои зикршудаи салоҳияташ қарор қабул мекунад. Қарори Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муайян накарда бошад. Иҷрои қарорҳои Маҷлиси намояндагон дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми аст. Маҷлиси намояндагон қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияхоро дар сурати ба Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои ҶТ мувофиқат накардани онҳо бекор мекунад. Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар асоси усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, волоияти қонун, ошкорбаёнӣ, дастаҷамъӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешӣ ва масъулият дар назди халқ ба амал мебарорад. Маҷлиси намояндагон ҳокимияти қонунгузориро ба амал бароварда, санадҳои зерин қабул мекунад:

  • қонунҳои конститутсионии ҶТ;
  • қонунҳои ҶТ қарорҳо.

Кумитаҳо ва комиссияҳо

вироиш

Кумитаҳо

вироиш
  • Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон
  • Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният
  • Кумита оид ба иқтисод ва молия
  • Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин
  • Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот
  • Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон
  • Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ
  • Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ
  • Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия

Комиссияҳо

вироиш
  • Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Комиссияи баҳисобгирии овозҳо оид ба интихоб намудани Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Интихоботи соли 2005

вироиш

Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ ва Қонуни Конститутсионии ҶТ "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ" 27 феврали соли 2005 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ барои 22 мандат аз ҷониби 6 ҳизби сиёсӣ, 61 номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ гардиданд ва ба қайд гирифта шуданд. Дар ҳавзаҳои якмандатӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагон 209 номзад пешбарӣ гардид, ки 170 нафар ба қайд гирифта шуда буданд. Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ барои 22 мандати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ҳизби сиёсӣ: Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мубориза бурданд. Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон , Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳадди 5-фоизаро гузаштанд. 22 вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот, аз ҷумла аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон - 3 , Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон - 2 ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон - 17 вакил ва аз ҳавзаи якмандатӣ 41 вакил интихоб гардид. Аз 63 вакил

Аз шумораи умумии вакилон 11 нафар занон мебошанд. Дар байни вакилони Маҷлиси намояндагон 11 нафар ҳуқуқшинос, 12 нафар муҳандис, 7 нафар иқтисодчӣ, 3 нафар агроному зоотехник, 26 нафар омӯзгор, 1 нафар духтур, 1 нафар рӯзноманигор, 1 нафар китобшинос, 1 нафар мутахассиси равобити байналмилалӣ, 2 нафар байтор фаъолият мекарданд. Аз онҳо 3 нафар узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, 7 нафар доктори илм, 11 нафар номзади илм.

Интихоботи соли 2010

вироиш

Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон 28 феврали соли 2010 баргузор гардид.[1]

Натиҷаҳои интихобот

вироиш

Интихоботи соли 2015

вироиш
Ҳизбҳо Овоз % Курсӣ
Дар ҳавза Феҳристи ҳизбӣ Ҷамъ +/–
Ҳизби халқӣ-демократӣ 65.4 35 16 51 –4
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 11.7 2 3 5 +3
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 7.5 1 2 3 +1
Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 5.5 0 1 1 +1
Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 2.2 2 0 2 0
Ҳизби демократии Тоҷикистон 1.7 1 0 1 +1
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 1.6 0 0 0 –2
Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон 0.5 0 0 0 0
Ҷамъ 100 41 22 63 0
Иштироки интихобкунандагон /сабтиномшуда 87.7
Манбаъ: Asia Plus, IPU

Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ ва Қонуни Конститутсионии ҶТ "Дар бораи интихоботи Маҳлиси Олии ҶТ" 1 марти соли 2015 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҷонибдории рӯйхати

Ҳизб Фоиз Курсӣ
     Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 65,4%, 51 / 63
     Ҳизби аграрии Тоҷикистон 11,7% 5 / 63
     Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 7,5% 3 / 63
     Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 5,15% 1 / 63
     Ҳизби демократии Тоҷикистон 1,7% 1 / 63
     Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 2,2% 2 / 63
     Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон 0,5% 0 / 63
     Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 1,6% 0 / 63

раъйи интихобкунандагонро касб намуданд.

Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар парлумони нав ҲХДТ-ро 16 нафар, ҲАТ-ро - 3 нафар, ҲИИТ-ро 2 нафар ва ҲСТ-ро 1 нафар вакил намояндагӣ мекунанд. Ба иттилои манбаъ, дар интихобот 4 млн. 319 ҳазору 395 интихобкунандагон ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор 3 млн. 791 ҳазору 827 нафар овоз доданд. Тибқи натиҷаҳои ниҳоии интихобот дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ 35 нафар номзадҳои ҲХДТ, 2 номзади ҲАТ, 2 намояндаи ҲКТ ва 1 нафарӣ номзадҳои ҲДТ ва ҲИИТ пирӯзӣ ба даст оварда, ба парлумон роҳ ёфтанд.[3]

Интихоботи соли 2020

вироиш

1 марти соли 2020 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳизбҳо Овоз % Курсӣ
Дар ҳавза Феҳристи ҳизбӣ Ҷамъ +/–
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 50.40 35 12 47 –4
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 16.50 3 4 7 +2
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 16.61 1 4 5 +2
Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 5.15 0 1 1 0
Ҳизби демократии Тоҷикистон 5.10 0 1 1 0
Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 3.11 2 0 2 0
Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон 0.32 0 0 0 0
Ҷамъ 4,245,951 100 41 22 63 0
Иштироки интихобкунандагон /сабтиномшуда 4,929,128 86.1
Манбаъ: RFERL, Asia Plus

Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҷонибдории рӯйхати

Ҳизб Фоиз Курсӣ
     Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 50,40% 47 / 63
     Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 16,61% 7 / 63
     Ҳизби аграрии Тоҷикистон 16,50% 5 / 63
     Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 5,15% 1 / 63
     Ҳизби демократии Тоҷикистон 5,10% 1 / 63
     Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 3,11% 2 / 63
     Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон 0,32% 0 / 63

раъйи интихобкунандагонро касб намуданд.

Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар парлумони нав: ҲХДТ-ро 12 нафар, ҲАТ-ро - 4 нафар, ҲИИТ-ро 4 нафар, ҲДТ-ро 1 нафар ва ҲСТ-ро 1 нафар вакил намояндагӣ мекунанд.[4]

4 миллиону 245 ҳазору 951 нафар интихобкунандагон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуданд, ки ин 86,4%-и шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад. шумораи овозҳои интихобкунандагоне, ки ба муқобили рӯйхати ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ дода шудаанд, 52 ҳазору 30 нафар ё 1,39%-ро ташкил медиҳад.

Тибқи натиҷаҳои ниҳоии интихобот дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ: ҲХДТ - 35 нафар, ҲАТ - 3 нафар, ҲКТ - 2 нафар ва ҲИИТ - 1 нафар пирӯзӣ ба даст оварда, ба парлумон роҳ ёфтанд.[4]

Интихоботи соли 2025

вироиш

2 марти соли 2025 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳизбҳо Овоз % Курсӣ
Дар ҳавза Феҳристи ҳизбӣ Ҷамъ +/–
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 51,9 29 12 41
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 21 2 5 7
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 12,7 0 3 3
Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 5,3 0 1 1
Ҳизби демократии Тоҷикистон 5.1 0 1 1
Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 1,9 0 0 0
вакилони ғайриҳизбӣ 1,9 5 5
Ҷамъ 4,712,967 100 41 22 63
Иштироки интихобкунандагон /сабтиномшуда 4,712,967 85,3
Манбаъ: parlament.tj/deputats, khovar.tj

Аз рӯи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ба ҷонибдории рӯйхати

Ҳизб Фоиз Курсӣ
     Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 51,9 12 / 63
     Ҳизби аграрии Тоҷикистон 21 5 / 63
     Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 12,7 3 / 63
     Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 5,3 1 / 63
     Ҳизби демократии Тоҷикистон 5,1 1 / 63
     Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 1,9 0 / 63

раъйи интихобкунандагонро касб намуданд.

Дар маҷмуъ 4 миллиону 712 ҳазору 967 нафар интихобкунандагон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуданд, ки ин 85,3 фоизи шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад. Иттилоъ дода шуд, ки шумораи овозҳои интихобкунандагоне, ки ба муқобили рӯйхати ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ дода шудаанд, 50 ҳазору 895 нафар ё 1,1 фоизро ташкил медиҳад. [5]

Раисони Маҷлиси намояндагон

вироиш

Пайвандҳо

вироиш