Азимбойӣ — азимбойибодом, навъе аз бодомҳои маҳаллӣ. Дарахташ аҳромшакл, то 8 – 10 м қад мекашад. Самараш (аввали август мепазад) майда (вазнаш 1,5 – 2 г), пӯсташ тунуки сахт, мағзаш пурра, бештар ҷуфт. Аз 1 кг бодом 46,3% мағз ва 59 – 61% равған гирифтан мумкин аст. Азимбойиро ба ниҳоли хасаки бодом пайванд мекунанд. Ниҳолҳои азимбойӣ аз рӯи тартиби 6 × 5 м шинонда мешаванд. Баъди 4 – 5 соли шинондан самар меорад. Ҳар дарахти 15-солааш то 15 – 20 кг ҳосил медиҳад. Азимбойӣ хеле барвақт (баробари 8 – 10°С гарм шудани ҳаво) гул мекунад, бинобар ин аксар вақт шукуфаашро сармо мезанад. Дарахти азимбойӣ ба камобӣ тобовар аст. Дар заминҳои обӣниз хуб месабзад (ҳангоми обмонӣ дар бехи дарахт об кӯл намекунанд, зеро он мехушкад). Азимбойӣ асосан дар боғҳои кӯҳнаи деҳаҳои Ёрӣ, Сӯҷина, Ғӯсар, Чорбоғ ва Каттақишлоқи ноҳияи Панҷакент вомехӯрад. Мағзи азимбойӣ хосияти хуби шифоӣ дорад. Онро барои давои бемориҳои сурфакабутак, зиқи нафас, сактаи дил ва ғайра истифода мебаранд.

Адабиёт

вироиш
  • Плодовые Среднего Таджикистана, Л., 1935;
  • Екимов В. П., Субтропическое плодоводство, М., 1955;
  • Розанов Б. С., Плодоводство Таджикистана, Д., 1970.