Азинҳо — навъе аз пайвастҳои гетеросиклӣ. Дар сикл ду ва зиёда аз он гетероатом доранд, ки якеи он атоми нитроген аст. Азинҳои дар ҳалқа ду атоми нитроген доштаро, диазин, се атоми нитроген доштаро триазин, атомҳои нитроген ва оксиген доштаро оксазин, атомҳои нитроген ва сулфур доштаро тиазин меноманд. Ҳамаи азинҳо чун асос бо кислота намак ҳосил мекунанд. Бисёр пайвастҳои азинӣ моддаҳои фаъоли физиологӣ мебошанд. Онҳо ба таркиби дорувор, ранг, гербисидҳо, витаминҳо, гормонҳо, кислотаҳои нуклеинат ва ғайра дохил мешаванд. Диазинҳо дар ҳалқаашон ду атоми нитроген доранд. Пиридазинҳо аҳамияти калон надоранд. Моддаи асосии ин гурӯҳ – пиридазинро аз алдегиди малеин ва гидразин ҳосил кардан мумкин аст. Пиридазин дар об ҳал мешавад. Бӯяш ба бӯи пиридин шабоҳат дорад; ҳарор. гуд. 6,4°С. Пиримидинҳо пайвастҳои хеле муҳим ба шумор мераванд. Атоми пиримидинӣ асоси баъзе моддаҳои муҳими рустанигӣ, аз ҷумла ҳосилаҳои пурин, кислотаҳои пешоб, маҳсули таҷзияи кислотаҳои нуклеинат (уратсил, тимин, ситозин) ва ғайраро ташкил медиҳад. Пиримидин пайвасти устувор аст; ҳарорати гуд. 20 – 22°С, ҳарор. ҷӯш. 124°С. Муҳити маҳлули обии он нейтралӣ аст. Бо кислотаҳо намак ҳосил мекунад. Дар асоси пиримидин ходимони Институти химияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон усули нави синтези рангубор ва истифодаи онро барои олкории нахҳои синтезӣ дарёфт намудаанд. Пиразинҳо ба таркиби моддаҳои рангубор, масалан, рангҳои феназинӣ, индантрем ва ғайра дохил мешаванд. Пиразинҳои одӣ моддаҳои зудбухор буда, бӯи нисбатан хуш доранд. Онҳо то ба гексагидропайвастҳо барқарор гашта, ба пиперазин ва ҳосилаҳои он табдил меёбанд. Триазинҳо се атоми нитроген доранд, ки пайиҳам, ғайрисимметрӣ ва симметрӣҷойгир шудаанд. Навъи 1, 2, 3 - триазинҳо фақат дар намуди системаҳои ҳалқагии конденсатсияшуда, масалан, бензотриазин маълуманд. Аз ҷумлаи ҳосилаҳои 1, 2, 4 - триазин пайвастҳое, ки дар таркибашон як ё ду атоми оксиген доранд, бештар дастрасанд. Ҳосилаҳои 1, 3, 5 - триазин хеле бисёранд. Кислотаҳои сианур ва изосианур, хлорангидрид ва эфири кислотаи сианур аз ҷумлаи ҳосилаҳои 1, 3, 5 - триазин мебошанд. Аз сианурхлорид гербитсид ва рангубор тайёр карда мешавад. Ҳалқаи оксазинӣ ва тиазинӣ дар таркиби бисёр моддаҳои доруӣ ва рангубор, инсектисидҳо ва ғайра мавҷуд аст. Аз ҳосилаҳои оксазин ва тиазин бештар пайвастҳое, ки дар таркибашон ду ядрои бо ҳам конденсатсияшудаи бензолӣ доранд (масалан, феноксазин ва фенотиазин), аҳамияти амалӣ пайдо кардаанд.

Адабиёт

вироиш
  • Каррер П., Курс органической химии, Л, 1962;
  • Несмеянов А. Н., Несмеянов Н. А., Начало органической химии, т. II, М., 1970;
  • Петров A. А.,Балян Х. В., Трощенко А. Т., Органическая химия, М., 1981;
  • Сабиров С. С., Самиев М. С., Методические разработки по теоретическому курсу биоорганической химии, часть II, Д., 1984;
  • Тюкавкина Н. А., Бауков Ю. И., Биоорганическая химия, М., 1985.

Сарчашма

вироиш