Азм (равоншиносӣ)
Азм — амали мураккабест, ки одамро барои ба мақсади дар наздаш гузошта расидан водор мекунад. Азм мақсадгузории иродавии одам буда, аз фаҳмидагирии вазифаҳои дар пеш истодаи одам, ки бо шавқу ҳавас ва талаботи ӯ алоқаманданд ва муайян кардани воситаҳои бамақсадрасӣ иборат аст. Ҳамаи ин амалҳои фаъолияти равонӣ метавонанд ҳам дар шакли фикрӣ ва ҳам дар шакли эҳсосӣ зоҳир шаванд. Шахс ба воситаи азм моҳияти иҷтимоии рафторҳояшро дониста мегирад ва илова ба он, то чӣ дараҷа бо амалҳояш мувофиқат намудани азмашро мефаҳмад.
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.