Азнавтарбиякунӣ — намуди тарбия, ки мақсади он бартараф намудани хислатҳои манфӣ ва инкишоф додани хислатҳои мусбат дар наврасон мебошад. Сабабҳои гуногун, аз қабили таъсири муҳити носолим, саҳву хатоҳои волидайн, муаллимону номукаммалии худи системаи кори тарбиявӣ ва ғайра метавонанд ба шахсияти хонанда таъсири манфӣ расонанд ва рафтори ӯро коста гардонанд. Дар хулқи баъзе наврасон камбудиҳои ҷиддӣ (масалан, носкашӣ, сигоркашӣ, бадмастӣ, ҷангарагӣ ва ғара) зоҳир мегардад. Аз ин рӯ, дар баробари тарбия зарурати азнавтарбиякунӣ дар оила, мактаб, муассисаҳои махсуси тарбиявӣ ва коллективҳои меҳнатӣ пеш меояд. Азнавтарбиякунӣ раванди мураккабу тӯлонист, зеро муаллим бояд андеша, одат ва хислатҳои шаклгирифтаро дигар кунад ва хусусиятҳои навро ташаккул диҳад. Назария ва амалияи азнавтарбиякунӣ ба чунин мавқеъ такя мекунанд: майлҳои ҷинояткорона, беинтизомӣ, норасоӣ дар хулқ, одатҳои бади табиати модарзодӣ надошта, балки дар натиҷаи таъсири номусоидии ҳаёт, норасоӣ дар тарбия ва ё муҳити носолими психикӣ бавуҷудоянда. Барои ислоҳи чунин майлҳо ва одатҳои бад шароити тарбиягирандаро дар оила ва мактаб тағйир бояд дод, то ки таъсири манфии атроф пешгирӣ карда шавад. Масалан, муҳити психологии хонаро дигар кардан, хонандаро аз шароити хона ҷудо карда, ба мактабинтернат додан, ӯро ба синфи дигар ё мактаби дигар гузарондан лозим аст, то ки рафиқони нав пайдо кунаду аз майлу хоҳишҳои манфиаш дур шавад. Вале ин ҳама барои азнавтарбиякунӣ кофӣ нестанд. Ба шахсияти тарбиягиранда, ба шуур ва рафтори ӯ таъсири бевосита бояд расонд. Дар ин ҷо усули боваркунонӣ, сафарбаркунии қувваи коллектив (созмонҳои талабагӣ, муассисаҳои беруназмактабӣ, ҷамоатчиён ва ғайра) баҳри ислоҳи рафтори ношоям, ба меҳнати фоиданок ҷалб намудани хонандагон ва ғайра метавонанд ба раванди знавтарбиякунӣ мусоидат намоянд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш