Азопайвастҳо — пайвастҳои органикие, ки молекулаашон азогурӯҳи – N = N – дошта, ба ду радикали карбогидрид – R ва R1 алоқаманданд. Ҳамаи азопайвастҳо рангноканд. Азопайвастҳои одитарин азобензол аст. Азопайвастҳоро бо чанд роҳҳосил кардан мумкин аст: 1. Бо роҳи барқарор намудани нитропайвастҳо дар муҳити ишқорӣ. Ба сифати барқарорсозанда оҳан ё хокаи руҳ ва ишқор, амалгамаи натрий ва спирти серобкарда ё маҳлули обии оксиди қалъагӣ (II)-ро истифода мебаранд: 2RNO2 + 4Н2 → RH = NR + 4Н2О. 2. Дар натиҷаи ҷӯшонидани миқдори эквиомолекулавии аминҳои якумини ароматӣ бо нитрозопайвастҳо дар кислотаи атсетати яхин: RNO + H2NR → RN = NR + Н2О. 3. Усули муҳим ва ягонаи саноатии ҳосил кардани азопайвастҳо (соли 1858 олими немис П. Грисс кашф кардааст), ки ба ҳампайвастии намакҳои диазоний ва аминҳои якумин, дуюмин, сеюмин, фенолҳо ва эфири фенолҳо асос ёфтааст, чунин мебошад: C6H5N2C1 + H2NC6H5 → → C6H5N = NC6H5 + HCl. Азопайвастҳо моддаҳои органикии муҳим буда, барои истеҳсоли азорангҳо истифода мешаванд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш