Ҷазираҳои Азор

(Тағйири масир аз Азор)

Азор (Ilhasdos Acores – ҷазираҳои бошагон) — галаҷазира дар қисми марказии Уқёнуси Атлантик, дар самти ғарбии нимҷаз. Пиреней. Аз соли 1976 ноҳияи мухтори Португалия (дар мақоми мухторияти дохилӣ). Аз 9 ҷазираи кӯҳии вулқонӣ (калонтаринаш ҷазираи Сан-Мигел) ва якчанд харсангҳои азими зериобӣ (риф) иборат аст. Масоҳаташ 2,3 ҳазор км2. Ҷойи баландтаринашон то 2351 м мерасад (вулқони амалкунандаи Пику дар ҷазира ҳамном). Пайдоиши ҷазираҳо вулқонӣ, релйефашон кӯҳӣ, серзилзила, чашмаҳои маъдании гарм доранд. Иқлими азор субтропикии уқёнусӣ. Ҳарораташ миёнаи январ +14°С, июл +22°С. Боришоти солона – 700 – 800 мм. Дар нишебии кӯҳҳо ҷангалҳои ҳамешасабзи дарахтони ғор, арча, кастона мавҷуданд.

Таърих

вироиш

Азорро соли 1427 баҳрнавардони португалӣ кашф кардаанд. Аҳолии умумӣ 243,88 ҳазор нафар (2004). Маркази маъмурӣ – Понта-Делгада (дар ҷазираи Сан-Мигел, аҳолиаш 20,2 ҳазор нафар); шаҳр ва бандарҳои асосиаш – Ангра-ду-Эроишму, Понта-Делгада, Орба. Аҳолӣ бо парвариши рустаниҳои ситрусӣ, муз, токпарварӣ ва моҳидорӣ машғул аст. Азор пойгоҳҳои сайрхатҳои баҳрию ҳавоии трансатлантикӣ дорад. Туризми байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Маркази таърихӣ – шаҳри Ангра-ду-Эроишму (ҷазираи Терсейра) ба Феҳристи Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО (қалъаҳои асрҳои XVI – XVII, калисоҳо ва қасрҳои асрҳои XVII – XVIII) ворид шудааст. Аз соли 1980 ҷазира Санта-Марияи азор минтақаи озоди иқтисодӣ аст.

Сарчашма

вироиш