Азотобактерин
Азотобактерин — изотоген, навъе аз нуриҳои бактериявӣ. Аз азотобактерҳо иборат буда, нитрогени ҳаворо аз худ мекунад ва онро барои ғизои рустанӣ мувофиқ месозад. Азотобактеринро ғайр аз рустаниҳои лӯбиёӣ барои ҳамаи дигар зироатҳо кор мефармоянд. Азотобактерин хосияти лӯндабактерияҳоро доро аст. Самараи азотобактерин бахусус дар хокҳои намноки миқдори фосфор ва микроэлементашон зиёд бештар мегардад. Азотобактерин дар решаи ниҳолҳо нағз инкишоф меёбад, бинобар ин аҳамияти он дар ниҳолзор ва боғҳои нав хеле калон аст. Азотобактерин сабзишу инкишофи навдаҳоро 20 – 25 % афзун мегардонад. Нигар низ Нуриҳои бактериявӣ
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.