Азулам, азулокс, C8H10N2O4S, як навъ моддаи химиявӣ. Кристаллҳои сафед ҳосил мекунад. Азуламро дар шакли маҳлули намаки натрий истеҳсол менамоянд. Барои нобуд кардани алафҳои бегона пешбинӣ шудааст. Онро ба себаргазор ба ҳар га 4 – 5 кг мепошанд, вале ин миқдори азулам барои киштзори баъзе дупаллагиҳо ва хӯшаиҳо хавфнок аст. Азуламро ба киштзори зағир, испанох ва юнучқа низ пошидан мумкин аст. Хусусан ғумой (ҳангоми дубарга буданаш) ва дигар алафҳои бегонаро зуд нест мекунад. Барои занбӯри асал ва дигар ҳашароти фоиданок чандон зарар надорад.

Сарчашма

вироиш