Айбнома — ҳуҷҷати мурофиавие, ки аз тарафи муфаттиш дар сурати кифоят будани далелҳои тартиб дода шуда, айбдории шахсро дар содир намудани ҷиноят аз нуқтаи назари муфаттиш тасдиқ менамояд.

Айбнома аз ду қисм иборат аст

вироиш

Айбнома аз ду қисм – баёнӣ ва хулосавӣ иборат аст. Дар қисми баёнӣ моҳияти кор: маҳал – ҷой ва вақти содир шудани ҷиноят, тарз ва мақсади содир кардани ҷиноят, оқибат ва дигар ҷиҳатҳои ҷиддии он; маълумоти пурра оид ба шахси ҷабрдида; далелҳое, ки мавҷудияти ҷиноят ва гуноҳи айбдоршавандаро тасдик мекунанд; ҳолатҳое, ки ҷавобгарии айбдоршавандаро сабук ё вазнинтар мегардонанд; далелҳое, ки айбдоршаванда барои ҳимояи худаш меоварад ва натиҷаҳои тафтиши ин далелҳо зикр карда мешаванд. Дар қисми хулосавӣ маълумот оид ба шахсияти айбдоршаванда, моҳияти айбдоркунӣ, модда ва ё моддаҳои қонуни ҷиноятие, ки ҳамин ҷиноятро пешбинӣ мекунанд, нишон дода мешаванд. Айбномаро муфаттиш имзо карда, ҷой ва вақти тартиб додани онро зикр мекунад. Дара айбнома рӯйхати шахсоне, ки ба маҷлиси суд даъват шудаанд, маълумотномаҳо оид ба муҳлати тафтиш, чораҳои пешгирӣ бо нишон додани вақти дар ҳабс нигоҳ доштан, оид ба далелҳои шайъӣ, даъвои гражданӣ ва амсоли инҳо илова карда мешаванд.

Сарчашма

вироиш