Айнуляқин (аз арабӣ айн – чашм ва яқин – собитшуда, бовар кардан) — баъди илмуляқин зинаи дуюми маърифати тасаввуф аст, ки зимни он гӯё ба ориф кашфи асрори илоҳӣ муяссар мешавад. Ин зинаи дониш на ба воситаи ақлу далелҳои илмӣ, балки ба василаи муроқабаи ирфонӣ, ки гӯё дар қалби суфӣ ба вуҷуд меояд, ҳосил мегардад. Айнуляқин яке аз ҳолатҳои рӯҳии маърифати тасаввуф мебошад. Бино ба қавли Шиблӣ айнуляқин асрори ҳақиқатро ба қалби солик мерасонад. Аҳли тасаввуф ин зинаи маърифатро аз донишҳои ҳиссӣ ва ақлӣ бартар медонанд. Ҳаҷвирӣ дар китоби «Кашф-ул-маҳҷуб» зинаҳои яқинро шарҳ додааст. Ӯ муътақид аст, ки он чи ба тавассути илми саҳеҳҳосил мешавад, фардо ба руъят ҳосил хоҳад шуд. Дар айнуляқин суфӣ гӯё ба худшиносӣ расида, баъд ба ҳақуляқин қадам мемонад ва аз «фано» гузашта ба «бақо»мерасад. Айнуляқин зинаи маърифати сирф ирфонист.

Адабиёт

вироиш
  • Мустамлии Бухороӣ. Шарҳи таарруф, Т., 1366;
  • Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Табақот-ус-суфия, Т., 1379;
  • Ҳамон муалл., Сад майдон, Т., 1388;
  • Саҷҷодӣ Саидҷаъфар, Фарҳанги мусталеҳоти урафо, Т., 1341.

Сарчашма

вироиш