IP-телефония

(Тағйири масир аз Айпи телефония)

IP-телефони́я (талаффуз «айпи́-телефони́я») — технологияест барои истифода намудани Интернет ё дигар шабакаи IP ба сифати воситаи ташкили гуфтугӯи телефонии байналхалқиву байнишаҳрӣ ва ирсоли факс дар реҷаи вақти ҳақиқӣ. Айпи телефония аз маҷмӯи қарор ва чораҳое иборат аст, ки унсурҳои анъанавии шабакаҳои телефониро ба истифодаи протоколи IP чун канали асосии интиқоли овоз иваз мекунад.

IP-телефон Avaya 1140E

Намудҳои айпи

вироиш

Бештар ду навъи Айпи телефония вомехӯрад: VoIP (Voiceover Internet Protocol – садо ба воситаи интернет протокол) ва интернет-телефония. Ҳар дуи ин истилоҳ муродифи Айпи телефония мебошанд. Соли 2000 дар семинари Иттиҳоди байналмилалии алоқаи электрикӣ (Женева) оид ба Айпи телефония ба қароре омаданд, ки Айпи телефония мафҳуми умумӣ буда, VoIP ва интернет-телефонияро дар бар мегирад. Айпи телефония барои телефони муқаррарӣ рақиби асосӣ мебошад ва дар ҳолати бо чунин суръат маъмул гардидани он, аҳолӣ бештар ба ин намуди алоқа мегузарад.

Пайдоиши назарияи интиқоли садо ба воситаи шабака бо ёрии компютер

вироиш

Назарияи интиқоли садо ба воситаи шабака бо ёрии компютер бори аввал соли 1993 дар Донишгоҳи штати Иллинойси ШМА ба вуҷуд омад. Апрел 1994 ҳангоми дар кайҳон парвоз кардани киштии америкоии «Индивор» ба Раёсати миллии ШМА оид ба аэронавтика ва таҳқиқоти фазои кайҳонӣ (NASA) муяссар шуд, ки тасвири аппарати кайҳонӣ ва овози астронавтонро, ки ҳазорҳо км дур буданд, бо ин технология қабул кунад. Феврал 1995 ширкати «Вокал Тек» барномаи «Интернет Фон»-ро барои компютер пешниҳод кард, ки тибқи он гуфтугӯи мустақим имкон дошт. Ин система нимдуплексӣ буд, яъне дар як вақт ё ҳарф задан ё шунидан мумкин аст. Майи 1996 нахустин сервери махсусгардонидашуда барои Айпи телефония бо Интернет сохта шуд, ки он алоқаи дуплексӣ буд (дар як вақт ҳам гап задан ва ҳам шунидан мумкин аст).

Усулҳои асосии айпи

вироиш

Айпи телефония бо ду усули асосӣ амалӣ мешавад. Тибқи усули якум компютер бо тамоми таҷҳизоту барномаҳояш истифода мегардад, ки барои ба рақам табдил додан, ихчам кардан, ба пакетҳо табдил додан, интиқол, барқарор намудану шунавонидани аудиосигналҳо имкон медиҳад. Барои гуфтугӯ гӯшакҳо ва микрофон истифода мешаванд. Барои барқарор кардани алоқа бошад, танҳо донистани IP нишонии компютери абонент кифоя аст. Дар усули дуюм телефонияи одӣ истифода мешавад. Садо аз шабакаи телефон ба шлюзи телефонӣ ворид шуда, бо картаи махсус ба рамзҳо табдил дода мешавад. Шлюз бо ёрии гурӯҳи протоколҳо маълумоти табдилёфтаро ба шлюзи IP-шабакаи қабулкунанда мефиристад. Сипас ин маълумоти ба пакетҳо тақсим кардашуда бо ёрии протоколҳо ба таҷҳизоти абоненти дигар фиристода ва он ҷо ба садо табдил дода мешавад. Айнан чунин ҳолат дар дигар самт низ ба амал меояд. Дар айни замон Айпи телефония якчанд протоколҳои стандартонидашударо истифода менамояд. Бештар протоколҳои Н. 323 ва SIP (Session Initiation Protocol – протоколи сессияи инисиализатсияшуда) маъмуланд. Мутахассисон бар онанд, ки хусусан протоколи SIP дар оянда протоколи асосии тамоми IP-шабакаҳо хоҳад буд. Ба сифати Айпи телефония асосан се омил таъсир мерасонад. Якум – таваққуфи садо. Вақти таваққуф кам ё зиёд мешавад. Чунин таваққуф ҳамсуҳбатро нороҳат мекунад. Дуюм – ларзиши садо. Дар ин ҳолат калимаҳо ва баъзан ҳарфҳо ҳангоми гуфтугӯҷой иваз мекунанд. Сеюм – гум шудани калимаҳо ё ҳарфҳо. Бо вуҷуди ин камбудиҳо Айпи телефония нисбати дигар намудҳои алоқа арзонтар аст.

Афзалиятҳои айпи

вироиш

Афзалиятҳои Айпи телефония: якум, алоқа қариб, ки бепул аст; дар ҳолати истифода намудани алоқаи компютерии скайп (skype) фақат маблағи истифодаи Интернетро пардохтан кофист; дуюм, муаммои банд будани шабакаро аз миён мебардорад; сеюм, сифати алоқаи факсӣ (интиқоли маълумот бо факс) беҳтар мегардад; чорум, ширкатҳои бузург метавонанд дар шабакаи ягонаи маълумот муттаҳид гарданд. Чунин муттаҳидшавӣ ба сарфа кардани маблағҳо барои алоқа мусоидат мекунад. Айпи телефония технологияи муфид, арзон ва зарурӣ мебошад. Айпи телефония феълан дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон хеле маъмул гаштааст.

Истифодаи VoIP

вироиш

SIP технологияи навоварест, ки пайвасти VoIP-ро тавассути сабти посухҳои сервер ва пас аз коркарди дархостҳо тавассути пайвасти VoIP назорат мекунад. Масалан, агар шумо бо истифодаи VoIP занг занед, протоколи оғози сеанс қобилияти муайян кардани навъи системаро, ки қабулкунандаи занг истифода мебарад, дошта метавонад.[1]

Сарчашма

вироиш