Айюб Ҳайдаров
Айюб Ҳайдаров (7 ноябр 1922, Истаравшан, вилояти Суғд — 23 январ 1999, Душанбе) — ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷику шӯравӣ.
Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии Иттифоқҳои касабаи ҶШС Тоҷикистон
|
|
---|---|
1963 — 1983 | |
Котиби якуми Кумитаи ҳизбии шаҳри Чкаловск
|
|
1958 — 1963 | |
Пешгузашта | Петр Борисов |
Ҷонишин | Ҳамид Нодиров |
Таваллуд |
7 ноябр 1922 |
Даргузашт |
23 январ 1999 (76 сол) |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишАйюб Ҳайдаров 7 ноябри соли 1922 дар шаҳри Ӯротеппа ба дунё омадааст[1]. Замони дусола буданаш, падараш даргузашт[2] ва ӯ зери тарбияи модар бузург шуду мактаби № 1 шаҳр[3] ва дар солҳои 1939-1941 Институти педагогии Ленинобод ба номи С. М. Кировро хатм кард.
Корнома
вироиш- 1941—1946 — муаллими синфҳои ибтидоӣ, корманди шуъбаи маориф ва инструктори кумитаи ҳизбӣ дар шаҳри Ӯротеппа.
- 1946—1948 — шунавандаи мактаби дусолаи хизбӣ дар шаҳри Душанбе.
- 1948—1950 — котиби кумитаи ҳизбии ноҳияи Калининобод.
- 1950—1951 — котиби дуюми кумитаи ҳизбии ноҳияи Ӯротеппа.
- 1951—1952 — ҷонишини раиси комиҷроияи вилояти Ленинобод[4].
- 1952—1955 — шунавандаи мактаби олии ҳизбӣ дар шаҳри Маскав.
- 1955—1963 — ҷонишини сардори шӯъбаи сиёсӣ, котиби дуввум ва котиби якуми кумитаи ҳизбии шаҳри Чкаловск.
- 1963—1983 — раиси Шӯрои ҷумҳуриявии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон.
Аз соли 1959 то соли 1986 ӯ узви КМ ҲК Тоҷикистон буд[3]. Солҳои 1959—1967 депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон ва дар солҳои 1966—1986 депутати Шӯрои Олии ИҶШС даъватҳои 7, 8, 9, 10 интихоб шудааст.
Ордену ҷоизаҳо
вироишБо се Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени «Нишони Фахрӣ», 4 медал ва 4 Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон унвони ифтихории «Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон» (1982) қадрдонӣ шудааст.
Даргузашт
вироишАйюб Ҳайдаров 23 январи 1999 дар Душанбе даргузашт[3].
Эзоҳ
вироиш- ↑ ХАЙДАРОВ Аюб Хайдарович. centrasia.org. ЦентрАзия. 19 октябри 2022 санҷида шуд.
- ↑ М. Солеҳов. Зиндагии ибратбахш(тоҷ.), Ҷумҳурият (6 ноябри 1997).
- ↑ 3.0 3.1 3.2 Манижа КУРБАНОВА. Был такой человек, ASIA-Plus (15 ноябри 2007), стр. С. 13.
- ↑ Сурен Акопянс. Славный сын республики(рус.), Чкаловский вестник (7 сентябри 2008).