Акароз, хоришак — касалии музмини ҳайвонот, ки бо хоришу илтиҳоби пӯст ҷараён мегирад.

Ангезандаҳои касалӣ хоришканаҳо мебошанд. Сироят ҳангоми тамос бо ҳайвони касал, ҳамчунин аз ашёи нигоҳубини чорво, ки дар онҳо канаҳо ҷой доранд, ба вуҷуд меояд. Акароз хусусан тирамоҳ ва зимистон хурӯҷ мекунад. Ба пайдоиши касалӣ дар ҷойи нам, ифлос ва сарду торик нигоҳ доштани ҳайвонот мусоидат менамояд. Ғизои бесифат низ муҷиби сар задани касалӣ мешавад. Ба акароз бештар ҷавонаҳо ва ҳайвоноти лоғар гирифтор мегарданд. Дар ҷисми ҳомил канаҳо 4 – 6 ҳафта зиндагӣ мекунанд. Онҳо ба қабати пӯст даромада, нӯги асабҳоро ангезиш медиҳанд. Ҳайвон тоқат накарда, ҷойи иллатёфтаро дар девору харсанг ва танаи дарахтон мехорад, дар натиҷа пӯст дағал ва ғафс гашта, пашм мерезад. Гову гӯсфандон хароб ва каммаҳсул мешаванд. Интихоби тарзу усули табобати акароз ба хусусияти касалӣ ва фасли сол вобаста аст. Аспҳоро, одатан, ба камераи махсус андохта, ангидриди сулфат дуд мекунонанд; ҳайвоноти дигарро бо марҳамҳои гуногун табобат менамоянд. Ҳангоми саросар сироят ёфтани чорво ё бо мақсади пешгирии касалӣ, ҳайвонотро дар ҳавзҳои дорудор (гексахлоран, креолин ва ғайра) оббозӣ медоранд. Ҳамзамон оғилхона ва ашёи нигоҳубини чорво дезинфексия карда мешавад. Азбаски доруҳои барои табобат пешбинишуда ба тухми канаҳо таъсир намекунанд, муолиҷа вобаста ба давраи инкишофи паразитҳо такрор хоҳад ёфт. Ҳангоми дар хоҷагӣ ба қайд гирифта шудани акароз чорворо ба 3 гурӯҳ ҷудо менамоянд: моли касал; моли гумонбар ба касалӣ; моли солим. Ҳар гурӯҳи ҳайвонот алоҳида нигоҳ дошта мешавад. Хоҷагӣ ҳамон вақт солим ҳисоб меёбад, ки агар дар тӯли 20 рӯзи баъди андешидани тадбирҳои зарурӣ ҳолатҳои нави ба касалӣ дучор омадани чорво ба қайд гирифта нашаванд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш