Акбари Саттор (Сатторов Акбаралӣ Қурбонович; 10 феврали 1965, деҳаи Мортеппа, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон — 28 августи 2015, Тоҷикистон) — рӯзноманигори тоҷик, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2006—2015).

Акбари Саттор
Сатторов Акбаралӣ Қурбонович
Таърихи таваллуд 10 феврал 1965(1965-02-10) (59 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ҳисор
Таърихи даргузашт 28 август 2015(2015-08-28)

Зиндагинома

вироиш

Акбаралӣ Қурбонович Сатторов 10 феврали соли 1965 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт — Петербург)-ро хатмкардааст (1990). Аз моҳи августи соли 1990 то моҳи ноябри соли 1990 мухбири рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ва аз моҳи но- ябри соли 1990 то моҳи ноябри соли 1994 мухбир, мудири шуъбаи сиёсат ва ҳуқуқи рӯзномаи «Садои мардум» буд. Аз 18 ноябри соли 1994 то ба имрӯз директори генералии ҶДММ «Чархи гардун» мебошад. ҶДММ «Чархи гардун» аз соли 1994 фаъолият дошта, ҳафт ҳафтанома: рӯзномаи «Чархи гардун», «Вечерний Душанбе», «Авиценна», «Аладдин», «Студент», «День за днём…» ва «Дайджест пресс»-ро ба табъ мерасонад. ҶДММ «Чархи гардун» соҳиби нашриёти «Интишор» низ ҳаст[1].

Аз моҳи июни соли 2006 то поёни умр раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2011 қадрдонӣ шудааст.

Даргузашт

вироиш

Акбари Саттор 28 августи 2015 дар синни 51-солагӣ даргузашт[2].

  1. Komusi-Sadoi-mardum
  2. Даргузашти Акбаралӣ Сатторов - раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон. ktr.tj. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (29 августи 2015). 22 Декабри 2022 санҷида шуд.