Акбар Акобирович Адҳамов (17.12.1955, Душанбе) — физикадон. Доктори илмҳои физика ва математика (2002). Фарзанди Адҳамов Акобир Адҳамович.

Акбар Адҳамов
Адҳамов Акбар Акобирович
Таърихи таваллуд 17 декабр 1955(1955-12-17) (68 сол)
Зодгоҳ Душанбе ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ физика
Ҷойҳои кор Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Университети давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов

Зиндагинома

вироиш

Акбар Адҳамов дар факултаи физикаи Университети давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов таҳсил намудааст (1972–1978). С. 1965–1968 дар Лабораторияи рад., соли 1968–1972 дар Лабораторияи кибернетикаи Стансияи техникии наврасони пойтахт бо ихтироъкорӣ машғул шуда, иштир. НКХХ СССР гардидааст. Пас аз хатми Университети давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов коромӯз (1979–1981), аспиранти шуъбаи назарияи тазоҳуроти плазмавии Институти физикаи ба номи П.Н. Лебедеви АИ СССР (Москва, 1981–1984), ҳамзамон дар Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ ба ҳайси корм. Лабор. физикаи криогеннӣ (1985–1991), корм. калони илмии Лабор. физ. лазерӣ (1991–2014) кор кардааст. С. 1987 дар Ин.-ути физ. АИ СССР дар мавзӯи «Теоретическое исследование вынужденного расеяния Мандельштама-Бриллюэна в разреженной плазме» рисолаи номзадӣ ва соли 2002 дар мавзӯи «Процессы нелинейного взаимодействия электромагнитных волн в полупроводниковых соединениях и плазме» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Аз соли 2014 – корманди пешбари илмии Лабор. физ. криогеннии Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ. Аз соли 1995 бо технологияи компютерӣ ва солҳои 1995–2018 дар Интернет бо ихтирооти компютерии режими «шикори озод» (зуд васл шудан ба мавзӯъҳои аҷоиб ва ҷолиби компютерӣ) машғул аст. Соли 2007 дар Вазорати адлияи ҶТ ташкилоти ҷамиятии «ЦИФРА» кушодааст. Аз соли 2011 то имрӯз блогҳо ва чандин гурӯҳро бахшида ба пешрафти илм ва техника ва ҳамчунин тиб дар Фэйсбук бар уҳда дорад. Дар рӯзномаи «Народная газета» (20.04.2016) мақолааш таҳти унвони «Қалбро набояд хун кард!» ба табъ расидааст.[1]

Пайвандҳо

вироиш

Лабораторияи физикаи криогении Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. — С. 16. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6