Акведук
Акведу́к (от лот. aqua — об ва duco — мегузаронам) — иншооти гидротехникӣ, новаи обгузар барои интиқоли об ба мавзеъҳои аҳолинишин, иншоотҳои обёрӣ ва гидроэнергетикӣ аз манбаъҳои дар баландӣ қарордошта.
Designed to carry | об |
---|---|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Акведук аксар ба маънои пул (кӯпрук) аз болои дарё, роҳ ё ҷарӣ истифода мешавад. Сохтори акведук ба виадук монанд буда, он аз санг, хишт, оҳану бетон, пӯлод ва чӯбу тахта сохта мешавад. Акведук рӯи заминӣ ва зеризаминӣ мешавад. Акведукро дар давраҳои қадим дар Шарқи Наздик (Бобулистон, Миср) ихтироъ кардаанд. Яке аз акведукҳои машҳури Юнони Қадим дар ҷазира Самос сохта шуда буд, ки таърихнигор Ҳеродот онро ба рӯйхати аҷоиботи олам дохил кардааст. Дар Рум акведукҳо дар садаи VII то м. сохта шуда, об ба воситаи 11 акведук дода мешуд, ки дарозии онҳо 350 км-ро ташкил мекард. Танҳо 47 км-и он аз болои замин буда, боқимонда аз таги замин мегузашт. Ба воситаи акведуки дарозтарини румӣ (141 км) ба шаҳри Карфаген дар садаи II об дода мешуд. Дар Аврупои асри миёнагӣ то акведука 19 таҷрибаи бойи сохтмони акведук фаромӯш шуда, обро ба шаҳрҳо ба тавассути каналҳо мерасонданд. Дар асри 19 Инглистон яке аз давлатҳои пешқадам оид ба сохтмони акведукҳо шуда, шаҳрҳои бузурги Бирмингем, Манчестер ва Ливерпулро ба воситаи акведук бо об таъмин мекард. Акведукҳои калонтарин дар ИМА сохта шуда буданд. Ба шаҳри Нию Йорк аз масофаи 190 км, ба шаҳри Лос Анҷелес аз масофаи 400 км ба воситаи акведук об оварда мешуд.
Дар Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикистон аз қадимулайём акведуки зеризаминиро, ки бо номи корез машҳур аст (Панҷакент), истифода мебурданд. Дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон (Помири Ғарбӣ, Дарвоз, Қаротегин) акведукҳои рӯи заминӣ барои гузарондани об истифода мешуданд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Акведук // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.