Акмал Акмалхони Тошкандӣ

Акмал Акмалхони Тошкандӣ (садаи XIX) — шоири тоҷик.

Акмал
Номи пурра Акмал Акмалхони Тошкандӣ
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Тазкиранависони садаи XIX ӯро чун шоири тавоно тавсиф намуда, аз эҷодиёташ намунаҳо овардаанд. Пайрави Бедил будааст. Байтҳои зерин аз ӯянд:

Зи бас дар бистари ғам нотавон аз заъфи ҳиҷронам,
Бурун н-ояд зи дил бо сад кашокаш тоби афғонам.
Бипеч, эй шавқ, бар ҷонам, масӯз, эй доғ, сомонам.
Макаш, эй нола, домонам, магир, эй ғам, гиребонам,
Сиришки маҳви мижгонам, чакидан нест мақдурам.

Адабиёт

вироиш