Мирзо Комили Бадахшӣ

(Тағйири масир аз Акмал Мирзо)

Акмал Мирзо Муҳаммадкомили Бадахшӣ (1644, Кашмир1718, ҳамон ҷо) — ориф ва шоири форсизабони Ҳиндустон.

Мирзо Комили Бадахшӣ
Таърихи таваллуд: 1644
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1718
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: нависанда, шоир

Зиндагинома

вироиш

Аҷдоди Акмал аз Тошканд ба Бадахшон ва баъдан ба Ҳиндустон кӯчиданд. Нисбаи Бадахшӣ гирифтанаш аз ҳамин ҷост. Акмал яке аз шоирони сермаҳсул аст (ҷамъи ашъораш 80000 байт). Мавзӯъҳои асосии нигоштаҳояш ирфону тасаввуф, фалсафа, ишқу муҳаббат, панду насиҳат, даъват ба дӯстиву сулҳу салоҳ байни қавмҳои мазҳабашон гуногун ва ғайра мебошанд. Дар пайравии «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ китобе навиштааст бо номи «Баҳру-л-ирфон» (иборат аз 4 ҷилд). Аксар шоирони форсизабони Ҳиндустон ба ин асар тақлиду пайравӣ карда маснавӣ офаридаанд. Акмал аз шоирони форсигӯи Кашмир нахустин касест, ки достонҳои ҳиндӣ, масалан, «Аканандон»-ро ба форсӣ гардондааст.

Адабиёт

вироиш