Акмал Шермуҳаммади Хӯқандӣ

Акмал Шермуҳаммади Хӯқандӣ (? – 1821) — шоири зуллисонайн.

Акмал Шермуҳаммад
Номи пурра Акмал Шермуҳаммади Хӯқандӣ
Таърихи даргузашт: 1821(1821)
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: тоҷикӣ-ӯзбакӣ

Зиндагинома

вироиш

Асарҳояшро ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ навиштааст. Баъди таҳсил дар Мадрасаи Мири Хӯқанд ба тадрис машғул гардид. Мувофиқи маълумоти тазкиранигорон Фазлии Намангонӣ, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ Акмал дар шеъру шоирӣ обрӯю эътибори баланд дошта, соҳиби ду девон – яке ба тоҷикӣ ва дигаре ба ӯзбекӣ будааст. Дар пайравии Мирзо Абдулқодири Бедил ғазал мегуфт, мухаммасҳо бар ғазалҳои Бедил низ дорад.

Сарчашма

вироиш